Главная > Қирғизистон > Нахуствазир хост, мактаббачаҳоро пешвозгирии мансабдорон набаранд

Нахуствазир хост, мактаббачаҳоро пешвозгирии мансабдорон набаранд


8 май 2015, 09:14. Разместил: MG
Темир Сариев, нахуствазири нави Қирғизистон ҷалби донишомӯзонро ба вохӯриҳо бо шахсони расмӣ манъ кардааст.

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, нахуствазири Қирғизистон ба Вазорати маорифи кишвараш дастур додааст, бо қабули қароре ҷалби мактаббачаҳо ба вохӯрӣ ё пешвози шахсони расмиро мамнӯъ кунад.

Ин супориши Сариев дар ҳолест, ки мактаббачае баъди 2,5 соати интизории раиси ҳукумати Қирғизистон зимни сафараш ба вилояти Ош аз ҳуш рафтааст.

Нахуствазири нави Қирғизистон рӯзи 7 майи соли равон ба Маҷмааи ёдбуди “Гулшани ҷовидон”-и вилояти Ош сафар карда, мақомоти вилоят барои пешвози ӯ тамоми мактаббачаҳоро ба хиёбонҳо баровардаанд. Дар натиҷа донишомӯзи синфи поёние баъд аз интизории зиёди раиси ҳукумат дар ҳавои гарм аз ҳуш рафтааст.

Расонаҳо мегӯянд, ба дунболи тақозои нахуствазир Вазорати маорифи Қирғизистон бо қабули қароре ҷалби мактаббачаҳо ба вохӯрӣ ё сафари шахсони расмиро манъ кардааст.

Вернуться назад