Главная > Тоҷикистон, CV, Иҷтимоӣ, Тема дня > Пойгоҳи 201 як сарбози худро дар кофтукоб қарор додааст

Пойгоҳи 201 як сарбози худро дар кофтукоб қарор додааст


3 август 2015, 09:37. Разместил: MG
Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон сарбози худ - Александр Терентевро мавриди кофтукоб қарор додааст.

Масъулини ин пойгоҳ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, Терентев як моҳи қабл худсарона ҳудуди пойгоҳи низомии 201-ро тарк карда, то ҳол аз худ дарак надодааст.

Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, Терентев 25 сол дошта, зодаи вилояти Кургани Русия мебошад ва дар бахши пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар дар шаҳри Кӯлоб адои хидмат менамудааст.

Масъулини пойгоҳ аз онҳое, ки дар бораи макони буду боши ин сарбоз иттилое доранд, хоҳиш дорад ба рақами (+992) 900 51 51 49 тамос бигиранд.

Вернуться назад