Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Тема дня > Боздошти марде, ки "ними умр"-ашро дар зиндон сипарӣ кардааст

Боздошти марде, ки "ними умр"-ашро дар зиндон сипарӣ кардааст


18 август 2015, 10:32. Разместил: MG
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 54-солаи ноҳияи Истиқлол хабар дод, ки дар гузашта нисфи умрашро дар маҳбас гузарондааст.

Аз Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 18 август ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ки дастгиршуда -- Ҳасан Шодиев, сокини ноҳияи Истиқлоли вилояти Суғд буда, баъди дуздии як нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе боздошт гардидааст. Манбаъ мегӯяд, Шодиев аз як саррофии пойтахт, ки дар наздикии маҳаллаи 82-юм ҷойгир аст, ду ҳазор долларро рабудааст: “Камераҳои мушоҳидавии ин нуқтаи мубодилаи асъор ба кормандони милиса имконият дод, то шахсияти гумонбар маълум карда шавад”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳасан Шодиеви 54-сола қаблан 4 маротиба маҳкум шуда, 25 соли ҳаёти худро дар зиндон гузаронидааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати Ҳасан Шодиев тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то кунун 50 ҳолати дуздии ӯ исбот гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Вернуться назад