Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Барканории "Ҳоҷӣ Ҳалим" барои "содир кардани ҷиноят" (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ > Барканории "Ҳоҷӣ Ҳалим" барои "содир кардани ҷиноят" (ВИДЕО)

Барканории "Ҳоҷӣ Ҳалим" барои "содир кардани ҷиноят" (ВИДЕО)


4 сентябр 2015, 17:03. Разместил: MG
Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо як қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз симати муовини вазири мудофиа озод шудааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии раисиҷумҳур қарори ҳукумат имрӯз, 4 сентябр содир шуда ва далели барканории Абдуҳалим Назарзода “бинобар сабаби содир намудани ҷиноят” гуфта мешавад.

Мақомот шарҳ надодаанд, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар кадом ҷиноят муттаҳам мешавад, аммо ба иттилои манобеи "Озодагон" ҳамлаи рӯзи чоруми сентябр ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат кори ӯ гуфта мешавад.

Абдуҳалим Назарзода замони ҷанги шаҳрвандӣ аз чеҳраҳои неруҳои мухолиф буд ва баъди имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 командири баталёни мавсум ба 25 шуд. Моҳи январи соли 2014 муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин гардид.

Хабари барканории “Ҳоҷӣ Ҳалим” дар ҳоле мерасад, ки бино ба иттилои расман тасдиқнашуда дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дасти кам даҳ нафар, бо шумули 8 корманди пулис кушта шудаанд. Вазорати умури дохилӣ бо нашри як хабари кутоҳ ҳамла ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдатро кори дасти Зиёвиддин Абдуллоев гуфт. Ба иттилои ин ниҳод, ҳамла соати 04:28-и рӯзи чоруми сентябр шурӯъ шуда, дар пайи зарбаи ҷавобии кормандони пулис, “Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд шуда, се нафари дигари ин гуруҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд”.

Зиёвиддин Абдуллоев узви Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки то чанд вақти пеш дар Шӯъбаи умури дохилии Роҳатии шаҳри Ваҳдат кор мекардааст. Манобеи “Озодагон” гуфтанд, ӯ дар пайи хусумати шахсӣ ҳамроҳ бо чанд нафар дигар ба Шӯъбаи пулис ҳамла кардааст.

Дар тирпаронии гардиши фурудгоҳ низ як аъзои ИНОТ муттаҳам мешавад. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манбааш навиштааст, ин тирпаронӣ, ки ҷони ду корманди ОМОН ва як нозири БДА-ро гирифт, кори дасти Ҷунайдулло, як корманди Вазорати мудофиа мебошад.

ШАРҲИ ҲОЛИ НАЗАРЗОДА АЗ ТОРНАМОИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо якуми январи соли 1964 дар колхози Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи коргар таввалуд ёфтааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 63-и шаҳри Душанберо соли 1981 хатм намуда, то соли 1983 дар корхонаи нассоҷӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 1983 то моҳи майи соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат карда, солҳои 1985-1986 дар Раёсати таъмирию сохтмонии "Курортстрой" адои вазифа намудааст. Аз соли 1986 то 1992 дар вазифаи сардори анбори "Межоблагропром" кор кардааст.

7 сентябри соли 1997 ба вазифаи командири қисми низомии 31001 ва сипас дар вазифаҳои гуногуни сохтори Вазорати мудофиа софдилонаю садоқатмандона адои хизмат намудааст Академияи умумиқӯшунии Федератсияи Россияро (2003-2005) хатм намудааст. Солҳои 2005-2007 вазифаи муовини аввали Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2006-2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 2007 то 18 январи соли 2014 вазифаи сардори Раёсати хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбиро ба ӯҳда дошт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

ВИДЕОи суханронии Абдуҳалим Назарзода дар маросими тантанавӣ, дар қисми низомии 17651-и Вазорати мудофиа бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ (23 феврали соли 2015)



Вернуться назад