Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ > Семинари имом-хатиби масҷиди Маскав дар Душанбе

Семинари имом-хатиби масҷиди Маскав дар Душанбе


21 сентябр 2015, 15:43. Разместил: MG
Шамил Алоуддинов, руҳонии шинохтаи Русия ва имом-хатиби яке аз масҷидҳои Маскав ба Душанбе меояд.

Қарор аст, 20 октябри соли равон ӯ дар меҳмонхонаи “Hyatt regency Dushanbe” дар мавзӯи “Беҳтар шав” семинаре баргузор намояд. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ ба “Озодагон” гуфтанд, семинар чоруним соат идома намуда, се самти муҳими ҳаёти инсон -- шахсӣ, оила ва молиявиро дар бар мегирад: “Арзиши чипта аз 200 то 700 сомонӣ аст ва акай 60 дарсади он фурухта шудааст”.

Шамил Алоуддинов яке аз чеҳраҳои шинохтаи диннии Русия буда, муалифи даҳҳо китоб, аз ҷумла “Роҳ ба имон ва комил шудан”, “Ҷавоб ба саволҳои шумо дар бораи Ислом”, “Аз мавзӯъ ба мавзӯъ”, “Воқеият”, “Андешаҳои гуногун ... Чаро?” ва раҳбари лоиҳаи маъруфи RuNet дар сомонаи www.umma.ru мебошад.

Вернуться назад