Главная > Тоҷикистон, Тема дня > Нохушӣ дар Душанбе: Собиқ депутат аз ошёнаи 10 ба замин сарозер шуд

Нохушӣ дар Душанбе: Собиқ депутат аз ошёнаи 10 ба замин сарозер шуд


30 сентябр 2015, 09:58. Разместил: hd
Катаев Амир Ҳабибович, собиқ вакили парлумон, ки раҳбарии Кумитаи Маҷлиси намояндагони оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияро ба уҳда дошт, шоми 29 сентябр аз ошёнаи 10-ум дар маркази шаҳри Душанбе ба замин сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” маросими видоъ бо Катаев, имрӯз, 30 сентябр соати 12:00 дар хонааш дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Амир Катаев, моҳи феврали соли 2009 аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии №4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҷойи Каримҷон Қодиров, ки ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин шуда буд, вакили парлумон интихоб гардида, баъдан соли 2010 аз зодгоҳаш ноҳияи Исфара вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст. Ӯ қабл аз вакилӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буд.

Профессор Амир Катаев баъди анҷоми муҳлати вакилияш моҳҳои охир дар Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улум кор мекард. Амир Катаев ҳамагӣ 68 сол дошт.

Вернуться назад