Главная > Тоҷикистон, Мусоҳибаҳо > Абдулмӯъмин Шарифӣ: Театри тоҷик сахт бемор аст! (САДО)

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Театри тоҷик сахт бемор аст! (САДО)


20 октябр 2015, 09:15. Разместил: MG
Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Сайф САФАР бо ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Абдулмӯъмин ШАРИФӢ.


Озодагон: Оқои Шарифӣ, дирӯз барои дидани намоишномаи “Иштибоҳ” ба театр омадаму бинандаҳоро ба ангушт шумурдам. Шунидани ин сухан сахт нест?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Чӣ кор кунем? Мо одат кардем. Шояд гуноҳ дар мо ё шояд дар бинанда бошад. Ман гуноҳро бори худамон мекунам...
Андеша мекунам, ки чаро Тоҷикистони мо рӯзнома надорад. Ҳафтанома дорад. Чун мардум хоҳиши рӯзнома хондан надоранд. Чаро адабиёти беҳтарини ҷаҳонӣ ва дохилӣ аз ҳазор нусха зиёдтар чоп намешавад? Чаро мардуми мо беҳтарин нависандаҳоро намешиносанд. Чаро шоир, ҳунарманд, журналисти худро намешиносанд? Ин асрор нест. Баъди андешидан сари ин чизҳо...

Озодагон: Ба ин чиз бармегардем, оқои Шарифӣ. Суол ин ҷост, ки то кадом андоза таваҷҷуҳ надоштан ба театр сари руҳу равони Шумо таъсир мегузорад?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Таъсири хеле зиёд дорад, бародар. Ҳастии мо ҳамин чиз аст ва тамоми заҳмати мо бе бинанда ҳеч аст. Вале намоишномаи ахир бидуни эълон сурат гирифт, чун мо ба Бишкек сафар дорем. Аслан барои тамрини худамон буд.

Озодагон: Хуб, чанд сол аст, ки моҷарои камбинанда будани театри тоҷик ва далели ин падида дар миён аст. Билохира далели аслиаш пайдо шуд?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: На, бадбахтона. Андешаҳо буданд сари ин масъала. Ҳар касе ҳар чизе мегуфт. Ман замоне дар як мақолаам ба ин чиз пардохтам. Ба андешаи ман вақте ки ба театри тоҷик иҷборан овардани бинанда сар шуд аз ҳамон замон театри тоҷик бинандаи худро гум кард. Ин аз солҳои 80-и замони Шӯравӣ сар шуд. Намедонам чӣ касе ин чизро ҷорӣ кард.

Озодагон: Ба ин тартиб, далели аслии бе бинанда мондани театрро ҳамин медонед?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Театри тоҷик сахт бемор аст! (САДО)Абдулмӯъмин Шарифӣ: Бале, ба андешаи ман ҳамин аст. Охир намешавад, ки инсон якбора бад ё хуб шавад. Чизе ҳаст, ки заминаро фароҳам мекунад. Доно ҳам ки ба якборагӣ намешавӣ. Бояд, ки бихонӣ. Аз ин рӯ наметавон гуфт, ки 10 соли ахир бинанда аз театр дур монд. Ҳеч мумкин нест. Дигар кишварҳо ҳам ҷанг доштанд, аммо мардум аз фарҳанг дур нестанд. Мо чанд сол аст, ки дар оромӣ ба сар мебарем, вале чаро мардум ба фарҳанг, китоб, рӯзнома таваҷҷуҳ кам доранд? Чанд бор пешниҳод кардам, ки бояд мутахассисон сари ин масъала андеша кунанд. Бисёр сахтам мерасад, шоир ва нависандаҳои мо шаби эҷодӣ мегузаронанд ва мебинам, ки иҷборан донишҷӯёнро он ҷо меоранд.

Озодагон: Тамоюли иҷборан овардани бинанда чӣ гуна шурӯъ шуд?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Солҳои 80-ум қарор қабул мекунанд, ки бояд рафт назди мардуму онҳоро ба театр даъват кард. Аслан ман бовар дорам, ки ҳеч вақт нагуфтаанд иҷборан мардумро ба театр биёранд. Шояд гуфтанд, ки равед назди мардуму онҳоро даъват кунед. Фикр мекунам, аз аввал ин гуна буд ва баъдан як система шуд. Иҷборан, ки овардӣ хоҳӣ нахоҳӣ бинанда дур мешавад.

Озодагон: Ҳанӯз ҳам идома дорад ин чиз?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Бале, танҳо бо ҳамин роҳ мо бинанда дорем. Дигар бинанда қариб ки надорем.

Озодагон: Ба ҳайси як ҳунарпеша мехоҳед, ки ин чиз идома ёбад?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Гуфтам аз рӯзе, ки ин кор пайдо шуд театр бинандаи худро гум кард.

Озодагон: Яъне, бояд ки қатъ шавад?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Албатта! Ман бовар дорам, ки агар ин кор қатъ шавад, шояд, 10 сол баъд театр бинандаи худро меёбад.

Озодагон: Дар Тоҷикистон ҳамеша аз театр як таъриф доштем: “театр оинаи зиндагӣ ҳаст”. Ҳанӯз ҳам воқеъиятҳои замон дар ин оина мунъакис мешаванд?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Театр ҳама вақт оина буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мешавад, ки театр дар кори худ дучори таназзул шавад. Мисли ҷисми инсон аст. Мариз мешавад дубора ба ҳол меояд. Хобу бедор аст. Гёте гапи хуб дорад. Мегӯяд: “Дараҷаи адабиёти ҳар миллат вобаста ба дараҷаи хонандаи вай аст”. Ман фикр мекунам, ки театр ҳам ҳамин аст.

Озодагон: Гуфтед, ки театр гоҳе сиҳат ва гоҳе ҳам бемор аст. Феълан театри тоҷик дар чӣ ҳол аст?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Сахт бемор аст! Сахт мариз аст!

Озодагон: Қарор аст, ки ду театр дар маркази шаҳр хароб шаванд. Ҳамчун як ҳунарманд ин тасмимро чӣ гуна қабул кардед?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Ман ба ин тасмим коре надорам, лекин вақте ки ду театр аз байн меравад, намедонам чӣ гӯям. Сахт аст барои ман. Хуб аст ё бад таърихи шаҳри мо аст. Бояд пеш аз бардоштан андеша кунанд. Шаҳри мо чӣ чизи таърихӣ дорад? Аз Шӯравӣ ҳамин қадар чиз дорад. Лекин агар ба ин хулоса омаданд, ки бояд гирифт, хуб, кори ҳукумат аст. Ман намедонам. Аммо хуб мешуд аввал як театр месохтанд. Мегуфтанд, ки театри Лоҳутӣ аз ин ҷо ба он ҷо рафт.

Озодагон: Бинои театри нав дар ҳоли сохтан аст...

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Он театри навро ҳоло кай месозанд? Агар бисозанд ҳам он як театр аст. Ин ҷо ду тетар; театри русӣ ва тоҷикӣ аз байн меравад.

Озодагон: Дар маҷмӯъ қабул кардани ин чиз душвор аст барои Шумо?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Албатта, албатта. На ин ки барои ман, барои миллат ҳам. Хоҳем нахоҳем фарҳанг ҳастии миллат аст.

Озодагон: Ҷомеаи ҳунарпешаҳо ва фарҳангиён ҳеч вокунише накардаанд?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Ин хабари нав аст ва мардум намедонанд чӣ кор кунанд. Ҳоло аз театри Лоҳутӣ ҳам ҳеч вокунише накарданд.

Озодагон: Хуб, бигзарем аз ин. Кор дар театр кофист, ки чархи зиндагии як ҳунарпеша гардон бишавад?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: На, хеле сахт аст. Аслан кори мардон нолидан нест. Бо ин шароите, ки имрӯз дар театр аст зиндагиро пеш бурдан хеле сахт аст. Аммо ҳастанд корҳое, ки бо онҳо машғулем. Ба мисли синамо, тарҷумаи филм-дубляж ва чанд чизи дигар, ки метавонем он ҷо шабу рӯз давему чизе барои зиндагиамон ёбем.

Озодагон: Баргардем сари он театри наве, ки дар ҳоли сохта шудан аст. Он метавонад бинандаро дубора ба театр баргардонад?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Бубин бародар, дар 70 соли замони Шӯравӣ театри тоҷик як ё ду маротиба хориҷ аз Шӯравӣ рафт. Аммо театри рус, кишварҳои назди Балтик, Украина, Гурҷистон ва Қафқоз чандин маротиба хориҷ аз Шӯравӣ рафтанд. Театри тоҷик натавонист рафтан. Дар ҳамин бистучанд соли давлатдориамон ҳудуди 50 сафари хориҷӣ дошт. Ман танҳо 7 соли ахири театри “Ҷавонон”-ро ҳисоб кардам, ки ҳудуди 22 номгӯи ҷоизаву диплому тандисҳои байналмилалӣ овард. Ҳатто шоҳҷоизаҳо ҳам. Мо сабту наворҳояшонро ҳам дорем, ки дар бораи театри мо дар сатҳи ҷаҳонӣ гуфтанд. Шигифтовар он аст имрӯз ин намоишномаҳо, ки диплому шоҳҷоизаҳои чандин ҷашнвораҳои байналмилалиро оварданд, бинандаи худро дар ватан надорад. Охир марде, ки рӯзнома намехонад, китоб намехонад аз куҷо театр меояд? Ин як дарди умумӣ аст. Сари ин бояд ҳама андеша кунанд. Аввал мардум китобхон шаванд, баъд ба театр меоянд.

Озодагон: Яъне ба бовари Шумо хондани китоб аст, ки бинандаро ба театр мекашад?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Бале! Ҳамин чиз аст. Агар китобхон набошӣ, куҷо театрро мефаҳмӣ?

Озодагон: Шумо дар намоишномаи “Шабе дур аз Ватан” нақши Бозор Собирро иҷро кардед. Барои Шумо ворид шудан дар қолаби шахсе, ки дар ҳеч қолаб намеғунҷад, чӣ гуна буд?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Театри тоҷик сахт бемор аст! (САДО)Абдулмӯъмин Шарифӣ: Ман дар як мусоҳибаам гуфта будам, ки манзури ҳам ман - иҷрокунандаи нақш, ҳам коргардон - Нозим Меликов Бозор Собир набуд. Мо ашъори Бозор Собирро гирифтем. Агар Бозор Собирро мегирифтем намоишнома кучак мешуд. Як шоир, як муҳоҷири фарҳангиро гирифтем, ки он метавонист Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Баҳманёр, Акбари Саттор ё ҳар каси дигар бошад. Маншаъ шеъри Бозор буд, на шахсияти ӯ. Як шоир, як фарҳангӣ, як муҳоҷири тоҷик, ки имрӯз, бадбахтона кам нестанд.

Озодагон: Шумо ҳам дар ғайб ва ҳам дар ҳузури Бозор Собир нақши ӯро бозӣ кардед. Оё кадом тафовуте эҳсос кардед замоне, ки дар ҳузураш иҷро намудед?

Абдулмӯъмин Шарифӣ: Вақте ки дар ҳузури Бозор Собир иҷро кардам, масъулияти бештарро эҳсос кардам. Вақте ки шеъри касеро мегириву ӯ дар наздат ҳаст, хеле сахт меанҷомад. Шеърҳо фарзанди ӯ ҳастанд. Мо бо онҳо чӣ коре кардем. Аз ин рӯ барои ҳамаи мо ҳаяҷоновар буд. Мегуфтем, Худо кунад, ки писандаш ояд.

Вернуться назад