Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нигаронии Аслов аз қатли Шоираи 22-сола дар пойгоҳи 201-и Русия
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Нигаронии Аслов аз қатли Шоираи 22-сола дар пойгоҳи 201-и Русия

Нигаронии Аслов аз қатли Шоираи 22-сола дар пойгоҳи 201-и Русия


11 ноябр 2015, 08:38. Разместил: hd
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки қатли Шоира Ҷобирова, ҷавонзани 22-солаи тоҷик дар қаламрави пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе воқеъбинона таҳқиқ шавад.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Сироҷидин Аслов рӯзи 10-уми ноябр дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми вохӯрӣ ба сафири Русия Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз боздошти Иван Шербаков, лейтенанти калони пойгоҳи 201-и Русия хабар доданд, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ ҳодисаи куштор 5 ноябр дар хобгоҳи афсарони пойгоҳи 201 рух додааст.

Шербаков дар бозпурсӣ изҳор доштааст, ки маст будааст ва он шабро ёд надорад: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Вернуться назад