Главная > Тоҷикистон, Мусоҳибаҳо, Дидгоҳи хос > Ш.Ҳакимов: Робитаҳои авлодию маҳаллӣ доштани кадрҳо омили аз байн нарафтани корруписия аст

Ш.Ҳакимов: Робитаҳои авлодию маҳаллӣ доштани кадрҳо омили аз байн нарафтани корруписия аст


10 декабр 2015, 11:05. Разместил: MG
9 декабр ба унвони Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия шинохта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПИСЯ МУВАФФАҚ АСТ?


Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос

Солҳои ахир воқеан мақомоти давлатии Тоҷикистон чанд санади байналмилалиро ҷиҳати мубориза бо коррупсия ба тасвиб расонд, қонунҳои махсусро қабул кард ва санадҳои дигари ҳукуқиро такмилу ислоҳ намуда, сохторҳои марбутаро низ таъсис додааст. Аммо то ҳол муносибатҳои коррупсионӣ на камтар, балки бештар ба назар мерасанд. Омилу сабабҳои мушаххас шароити мусоидро барои рушди муносибатҳои коррупсионӣ ба вуҷуд овардаанд. Ноустуворӣ ва номукаммалии қонунгузорӣ, риоя нагардидани усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҳамдигар вобаста будани кадрҳои давлатӣ, ба хусус робитаҳои авлодию маҳаллӣ доштани онҳо, дар ҳамаи сатҳҳо эҳсос нашудани назорати ҳизбию ҷамъиятӣ, надоштани имконияти баробар ва рақобати солим миёни соҳибкорон ва ғайра омилҳои аз байн нарафтани корруписия ба ҳисоб мераванд.

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос

Дар Тоҷикистон ниҳодҳо ҳамдигарро такрор мекунанд. Бубинед, Агентии мубориза бо фасод бештар касонеро боздошт мекунад, ки худашон бояд маъмури мубориза бо фасод бошанд. Вақте корманди милиса, Агентии назорати маводи нашъаовар, прокуратура, суд...бо ришва ба даст меафтанд, ин нишони фасодзадагии ҷомеа аст. Ҷомеа дар фасод ғутидааст. Агентии мубориза бо коррупсия назар ба солҳои пеш имсол хеле хубтар фаъолият кард. Вале чун гап сари ҷомеа аст, гуфтан мушкил аст, ки мубориза таъсири бештар дорад. Мубориза бунёдӣ бояд бошад. Ҳоло Тоҷикистон ба ин ҳад нарасидааст, ки ин падидаи манҳусро решакан созад. Хеле солҳо лозиманд ва агар шеваи мубориза чунин бошад, Тоҷикистон гумон аст муваффақ шавад.

Усмон СОЛЕҲ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сол то сол мубориза бо фасод пурзӯр шуда истодааст. Имрӯзҳо хабарҳои зиёде мешунавем, ки дар ин ё он ноҳия барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ зиёд дастгир карда истодаанд. Умуман, дар ин самт беҳбудиҳо ба назар мерасад. Дар қонунҳо баъзан тағйиротҳое ворид шудаанд, ки масалан нафари дастгиршуда дар сурати баргардонидани маблағ, он қадар ҷазои сахт намегирад, шояд ин таъсир дошта бошад. Лекин дар маҷмӯъ фикр мекунам, ки дар ин самт натиҷаҳои хубу беҳтар ба даст оварда истодаем. Дар мубориза бо коррупсия бояд тамоми қишри ҷомеа, ақалан ҳамон ниҳодҳои бевосита ба ин масъала дахлдор фаъолияташонро беҳтару хубтар кунанд. Нафароне, ки пора медиҳанд, онҳо низ бояд ба муҷозот кашида шаванд.

Абдуҳаллим ҒАФФОРОВ, раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон

Мутаассифона, вазъи имрӯзаи мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон маро қонеъ карда наметавонад. Барои чи? Барои он ки баъзе риштаҳои ба ҳам пайванде ҳастанд, ки он риштаҳоро шикастан кори одиву осон нест. Ман боварӣ дорам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мардум, ки дар интихоботҳои парлумонӣ интихоб мешаванд, ин масъалаи бисёр ҳассосу нозукро мавриди баррасӣ қарор дода, аллайҳи он мубориза мебаранд. Парлумони кишвар, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ масъалаи мубориза бар зидди коррупсияро аз масъалаҳои аввалиндараҷа ҳисобида, ҳамеша фикру андешаҳои худро муайян мекунанд. Коррупсия ин як масъалае аст, ки хусусиятҳои ба худ хоси иҷтимоӣ дорад ва онро танҳо ҳамон вақт нест кардан ҷоиз аст, ки агар ба муқобили он аз нуқтаи назари иҷтимоӣ мубориза бисёр ҷиддӣ бурда шавад. Яъне нафаре, ки даст ба ришва мезанад, ба ҷазое бояд гирифтор шавад, ки барои дигарон мактаби бузурги маънавӣ гардад, дарк кунад, ки ҳаққи ҳалоли як касро хурдану манфиатҳои давлатро ба манфиатҳои шахсии худ истифода бурдан кори одӣ нест.

Раҷаби МИРЗО, журналисти мустақил

Мубориза бо фасод осон нест, балки он мубориза бо худро мемонад. Барои бо худ мубориза бурдан иродаи қавӣ лозим! Ба назари ман, вақте сухан сари коррупсия меравад, ҳарфҳои як коршинос мерасад, ки гуфта буд "дар шароити кишварҳои ғайридемократї мубориза бо фасод аз як кас вобаста мешавад". Иродаи ин нафар танҳо ҳамон замоне ошкор мешавад, ки агар дар мубориза бо коррупсия ҷиноят на интихобӣ, балки воқеї сурат гирад. Ба таври дигар, агар донанд, ки фасод системавиву амали муқаррарӣ шудаасту аммо ин ё он нафарро танҳо барои он муҷозот мекунанд, ки кадом амалаш писанд наомад, инро ҳамчун иқдоми зиддикоррупсионӣ қабул нахоҳанд кард.

Темур ҶОВИДОВ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе

Ба фикрам дар ягон давлат коррупсия ҳеҷ вақт пурра аз байн нарафтаасту намеравад, лекин кам шуданаш имкон дорад. Кишваре нест, ки дар он нафароне даст ба ришва назананд. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман дар Тоҷикистон имрӯзҳо масъалаи мубориза ба коррупсия беҳтар шудааст. Агар ҳамин хел рафтан гирад мумкин дар солҳои наздик масъалаи рӯ овардан ба амалҳои коррупсионӣ кам шавад. Баланд бардоштан музди маоши шаҳрвандон ҳам метавонад ба коҳиш ёфтани амалҳои коррупсионӣ муосидат кунад.

Вернуться назад