Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Даргузашти Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик

Даргузашти Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик


28 декабр 2015, 08:43. Разместил: CV
Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик, субҳи имрӯз бар асари беморӣ дар сини 81-солагӣ, дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон даргузаштанд.

Бурҳон Раҳмон яке аз ровиёни маъруфи радио ва телевизиони тоҷик буд, ки наздики 60 сол дар бахши брунмарзии Радиои Тоҷикистон, ҳоло шабакаи “Овози тоҷик” кору фаъолият намуд.

Овозои неруманду хоно, чеҳраи мувофиқ ва ҷаззоб, дониши мукаммал ва пухта аз вижагиҳои ҳунарии ин ровии хушбаёни тоҷик буда, ки Бурҳон Раҳмон аз шӯҳрати фарогире бархӯрдор шавад ва то замони марг кори ровигиро канор нагузорад.

Бурҳон Раҳмон соли 1934 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар хонаи кӯдакони Ванҷ, Тавилдара ва Ҳисор фаро гирифтааст. Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе буд. Баъди хатми таҳсил аз соли 1957 то кунун дар Радиои Тоҷикистон ва унвони ровии барнома ва гуфторҳо барои хориҷи кишвар фаъолият мекард.

Ҳарчанд Бурҳон Раҳмон дар Тоҷикистон ба унвони ровӣ маъруф буд, вале ӯ ҳамчунин ба сифати муҳаррир, рӯзноманигор ва ҳунарманди театр низ кору фаъолият карда, дар тарҷумаи 300 филми мустанаду бадеӣ овоз додааст.

Маросими видоъ ва ҷанозаи Бурҳон Раҳмон, наттоқи дараҷаи олӣ, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар манзили ӯ, воқеъ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе (маҳалаи Хонаи матбуот) баргузор мегардад.

Вернуться назад