Главная > Қазоқистон > Роҳпаймоӣ ва талаби озодии сарвазири пешин

Роҳпаймоӣ ва талаби озодии сарвазири пешин


17 феврал 2016, 16:34. Разместил: MG
Беш аз даҳ нафар кӯчаи марказии Остонаро банд карда, озодии нахуствазири собиқи Қазоқистон Серик Ахметов, ки бо ҷурми фасодкорӣ 10 сол зиндонӣ шудааст, талаб доранд.

Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, гирдиҳамомадаҳо навиштаҷоти “Мо адолатро талаб мекунем”-ро дар даст доранд. Дар ин навиштаҷот ҳамчунин ба мақомот паёме ирсол шудааст, ки муҳтавои он муборизаи беамон бо фасод, озодӣ ба Серик Ахметов ва “зиндонӣ кардани” бархе аз ҳокимон аст.

Мардум барои муддате ҳаракати нақлиёт дар маркази Остонаро бастанд. Ширкаткунандагони ин эътирозро пулис боздошт кардааст. Пулис гуфтааст, онҳоро “ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мекунанд”.

Нахуствазири собиқи Қазоқистон Серик Ахметов дар моҳи декабри соли 2015 ба 10 соли зиндони умумӣ ва бо мусодираи молу мулк ва маҳрум сохтан аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ дар тӯли панҷ сол маҳкум шуд.

Вернуться назад