Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Иҷтимоӣ > Эълони сабаби марги Исҳоқ Табаров дар рӯзи мавлудаш

Эълони сабаби марги Исҳоқ Табаров дар рӯзи мавлудаш


13 июн 2016, 14:00. Разместил: MG
Табибон сабаби даргузашти Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи тоҷик, ки аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи “Тоҷикистони нав” ҳимоят мекард, сактаи қалбӣ гуфтаанд. Табаров шоми 12 июн дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт ва маълумотнома дар бораи даргузашташ тоза ба дасти наздикон расидааст.

Наздикони марҳум ба “Озодагон” гуфтанд, ӯро тайи ду моҳи ахир нафастангӣ азият медод. Ҷанозаи Исҳоқ Табаров имрӯз, 13 июн дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Исҳоқ Табаров яке аз се вакили дифои соҳибкори маҳкумшуда ба 29 соли зиндон буд. Дар гузашта мақомот алайҳи Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров парвандаҳои боз карда, онҳоро боздошт карда буданд. Ҳарчанд Исҳоқ табаров боздошт нашуд, аммо ду писари ӯ - Фирӯз ва Далерро равонаи зиндон карданд.

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат моҳи феврали соли равон Фирӯз Табарови 27-соларо барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба 13,5 соли зиндон маҳкум кард. Далер Табаров, писари дуюми Исҳоқ Табаров бошад, аввалҳои моҳи июн аз тарафи додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба иттиҳоми "хабар надодан" гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.

Вернуться назад