Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ > Додситони Суғд: Алайҳи 16 имомхатибу сархатиб парванда кушодем

Додситони Суғд: Алайҳи 16 имомхатибу сархатиб парванда кушодем


15 июл 2016, 14:05. Разместил: hd
Додситони вилояти Суғд мегўяд, тайи 6 моҳи соли равон алайҳи 16 имомхатибу сархатиби масоҷиди шимоли кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд аснои сўҳбаташ бо рўзноманигнорон имрўз, 15-уми июл, гуфт, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ алайҳи 16 нафар сархатибони ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масоҷиди панҷвақта 16 парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст: «Парвандаҳои ҷиноятӣ асосан бо моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ оғоз карда шудаанд. Барои иштироки ғайриқонунӣ дар ҳизбу ҳаракатҳое, ки характери экстремистӣ-террористӣ доранд ва фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шудааст ва ё манъ карда шудааст ва барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ ва динӣ парвандаҳо оғоз карда шудаанд».

Ҷаноби Воҳидов инчунин тафтишоти ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба сархатибу имомхатибону имомону вилоятро гуфт, ки он аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят ва Раёсати КДАМ ҶТ дар Суғд ба анҷом расонида шуда, «барои баррасӣ ба судҳо фиристода шудаанд ва аллакай ба қисмати зиёди онҳо ҳукмҳои айбдоркунандаи судҳо бароварда шудааст ».

Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 7 тан аз имом-хатибон ва ходимони масоҷиди шимоли кишварро барои узвият дар созмони фаъолияташ мамнўи «Ихвон-ул-муслимин» равонаи зиндон кард. Бо ҳукми додгоҳ Мақсуд Ўрунов, имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом ва Аббос Абдураҳмонову Ҳусейн Тухтаев, муовинони ў мўҳлати ҳабсро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳанд кард. Инчунин бо ҳукми додгоҳ Абдуҷамил Юсуфӣ, имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сулаймон Болтуев имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), Ҳамзаалӣ Султонов, имомхатиби пешини масҷиди «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев, имом-хатиби масҷиди ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара равонаи маҳбас шуданд. Ҳамаи ин 7 нафар аз 3 то 3 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум гашта, ин мўҳлатро дар зиндони низомаш сахт пушти сар мекунанд.

Вернуться назад