Главная > Тоҷикистон, Акс > Хадамоти алоқа: Сомонаҳои фаҳшро бастем, хабариро не (ИНФОГРАФИКА)

Хадамоти алоқа: Сомонаҳои фаҳшро бастем, хабариро не (ИНФОГРАФИКА)


3 август 2016, 11:11. Разместил: MG
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштанаш дар масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ дар кишварро рад карда, мегӯяд, ширкатҳои мобилиро барои бастани ғайриқонунии сомонаҳо муҷозот мекунад.

Ҷонибек Додомедов, сардори раёсати танзими Хадамоти алоқа имрӯз, 3 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин ниҳод дар бастани сомонаҳои хабарӣ даст надорад. Ба қавли ӯ, дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои бастани сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби ширкатҳои дастраскунандаи интернет, нисбати дастандаркорон чораандешӣ хоҳад шуд.

Ҷаноби Додомедов илова кард, давоми як соли охир бо дастури Хадамоти алоқа дастрасӣ ба беш аз 100 сомонаи хусусияти шаҳвонию зӯроваридошта масдуд шудааст: “Аммо сомонаҳои хабариро набастаем”.

Дар мавриди изҳороти қаблии масъулини Хадамоти алоқа, ки феҳрасти бархе аз сомонаҳо барои басташавӣ аз ҷониби мақомоти амниятию қудратӣ пешниҳод мегарданд, Додомедов гуфт, дар ин бора наметавонад шарҳе ироа кунад, чун ин феҳрастро рӯи даст надорад. Дар бораи муроҷиатҳои чандбораи сомонаҳои хабарӣ ба Хадамоти алоқа барои ҳалли ин мушкил Додомедов гуфт, ки дархостҳо омӯхта мешаванд.

Ин иддаои масъули Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки масдуд кардани сомонаҳо дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

Одатан дастрасӣ ба сомонаҳои маъруф замоне масдуд мешавад, ки дар кишвар кадом маъракаи муҳими сиёсӣ, назири интихоботҳои парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ дар назар бошад. Бори охир сомонаҳои хабарӣ 10 май дар остонаи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ дастнорас шуданд. Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет он замон торнамоҳои Радиои Озодӣ, Азия Плюс, Тоҷнюс ва чандеи дигарро масдуд карданд. Ахиран, дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории “Авесто”, ки тарҳи нави сайташро муаррифӣ кард низ масдуд шудааст.

Аммо сайтҳои “Хабаргузории Озодагон” (бахши тоҷикӣ ва русӣ) аз моҳи октябри соли гузашта дастнорас ҳастанд. Хадамоти алоқа 3 ноябри соли 2015 бо имзои Бег Сабур ба мактуби "Озодагон" аз 14 октябри 2015 посух дод, ки ба баста шудани сайтҳо рабте надорад ва ваъда кард, барои ҳарчӣ зудтар дастрас шудани торнамоҳо "дар доираи салоҳияти худ" кушиш мекунад. Аммо чун натиҷаи ин кушишҳоро шоҳид набудем, 23 декабри соли 2015 дубора унвонии раҳбари Хадамоти алоқа мактуб фиристодем. Вале бо гузашти беш аз 7 моҳ ҳанӯз посухе дар ин замина ворид нашудааст. Дар зимн, "Озодагон" унвонии ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет -- ҶСП "Телекомм Технолоҷӣ", "МегаФон" ва Tcell (асосан муштариён ҳамин ширкатҳо шикоят мекунанд, ки сомонаҳо баста аст) мактуб фиристод ва то имрӯз танҳо "МегаФон" як навиштаи ба ҷавоб монанд фиристодаасту бас, ки дар он таъкид мешавад, маҳдуд будани сомонаҳои “Озодагон” ба сабабҳои “новобаста аз ширкат” рабт дорад. Дастарсӣ ба “Озодагон” тавассути ширкатҳои дигар "Таком", "Вавилон-Т", "Сатурн-онлайн" ва "Истэра" ҳам номумкин аст.

Аммо на Хадамоти алоқа ва на ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳозир намешаванд, ки далелҳои ғайриқонунӣ масдуд кардани сомонаҳоро шарҳ бидиҳанд.


Хадамоти алоқа: Сомонаҳои фаҳшро бастем, хабариро не (ИНФОГРАФИКА)

Вернуться назад