Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Раиси ВМКБ: Самадовро дар Хоруғ касе назадааст, дар садама маҷруҳ шудааст
Главная > Тоҷикистон, Дидгоҳи хос > Раиси ВМКБ: Самадовро дар Хоруғ касе назадааст, дар садама маҷруҳ шудааст

Раиси ВМКБ: Самадовро дар Хоруғ касе назадааст, дар садама маҷруҳ шудааст


10 август 2016, 16:43. Разместил: hd
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон латукӯби Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошимро дар шаҳри Хоруғ рад кардааст.

Раиси ВМКБ дар суҳбат бо “Фараж” изҳор доштааст, ки Самадов зимни садамаи нақлиётӣ дар маркази шаҳри Хоруғ ҷароҳат бардоштааст, на дар пайи занозанӣ бо ҷавонон: "Зикрихудо Самадов 3 рӯз пеш, зимни бозгашт бо зану фарзадонаш аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғ ба садама дучор мешавад. Номбурда бо нақлиёти шахсии худаш дар паси чамбарак менишаст. Ҳангоми ба ҳам бархӯдани мошинаш бо мошини як нафари дигар, ки дуюмӣ аз ҷои садама фирор кардааст, ҷоғаш мешиканад. Хушбахтона, зану фарзандони Самадов ягон ҷароҳат набардоштаанд. Пас аз ҳодиса ӯ ба беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ интиқол дода шуд. Аммо бо тавсияи духтурони беморхона рӯзи дигар тавассути чархбол ба шаҳри Душанбе фиристода шуд. Айни ҳол дар беморхонаи «Медгородок» бистарӣ гардида, табобат гирифта истодааст. Вазъи саломатиаш хуб аст".

Ӯ афзудааст, нисбати ронандаи фирорӣ, ки шахсияташ то ҳол номаълум аст, аз ҷониби мақомоти милисаи шаҳри Хоруғ парванда кушода шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Зикрихудо Самадов, раиси 46-cолаи ноҳияи Ишкошим аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Хоруғ мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса дар маҳаллаи маъруф ба “Хлебзавод” рух додааст: “Муноқиша миёни раиси ноҳияи Ишкошим ва нафари муттаҳам дар латукӯб дар пайи нофаҳмӣ ҳангоми ҳаракат бо мошинҳояшон дар роҳ рух додааст. Дар натиҷи муноқиша Самадов аз қисмати ҷоғ зарба хӯрда, дар беморхона бистарӣ шудааст”.

Манобеи “Озодагон” илова намуданд, ки феълан Самадов барои табобат дар беморхонаи шаҳри Душанбе қарор дорад. Масъулини ноҳияи Ишкошим бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, вазъи саломатии Самадов хуб аст ва тариқи телефон корҳо дар ноҳияро пайгирию идора мекунад.

Раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард.

Самадов, ки дар гузашта ба ҳайси масъули молияи ВМКБ, Оҷонсии зидди фасод ва Палати ҳисоб кор кардааст, соли 2013 раиси ноҳияи Ишкошим таъин гардида, инчунин узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мебошад.

Вернуться назад