Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Кофтукоби Бойназаров бо иттиҳоми парондани Одинашоев дар Хоруғ
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Дидгоҳи хос > Кофтукоби Бойназаров бо иттиҳоми парондани Одинашоев дар Хоруғ

Кофтукоби Бойназаров бо иттиҳоми парондани Одинашоев дар Хоруғ


10 октябр 2016, 12:12. Разместил: hd
Фирӯз Одинашоев, сокини 33-солаи маҳаллаи маъруф ба “Болнисен”-и шаҳри Хоруғ 9 октябр тасодуфан аз тири афроди ҷиноятпеша ба ҳалокат расидааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, ки нисфирӯзи 9 октябр дар пайи муноқиша дар шаҳри Хоруғ як нафар ҷон додааст. Манбаъ афзуд, феълан шахсияти нафаре, ки дар марги сокини 33-солаи шаҳри Хорғ даст дорад, муайян шудааст: “Гумонбар дар ин ҷиноят низ сокини шаҳри Хоруғ мебошад. Шахсияташ пурра маълум шудааст ва ба зудӣ дастгир хоҳад шуд. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ҷузъиёти бештарро баъдан ироа хоҳем кард”.

Мақомот шахсияти нафари муттаҳамро ифшо накарданд, аммо бархе манобеъ аз ӯ О.Бойназаров, сокини шаҳри Хоруғ ном мебаранд, ки таҳти пайгард қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки манобеи “Озодагон” мегӯянд, муноқиша 9-уми октябр миёни гуруҳи сокинони маҳаллаи “Шошхоруғ” ва “Болнисен” сурат гирифтааст, ки бо тирпаронӣ анҷомидааст: “Одинашоев, ки умуман ба муноқиша рабт надоштааст, аз тири “дайду”-и нафарҳои даргир ба ҳалокат расидааст”. Бархе аз манобеъ мегӯянд, муноқиша дар заминаи пули пасандоз, ки соҳибаш натавонистааст, онро аз бонк бигирад сар задааст.

Вернуться назад