Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВКД муноқишаи маргбори Хоруғро шарҳ дод (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > ВКД муноқишаи маргбори Хоруғро шарҳ дод (ВИДЕО)

ВКД муноқишаи маргбори Хоруғро шарҳ дод (ВИДЕО)


15 октябр 2016, 10:28. Разместил: hd
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муноқишаи маргбор миёни ҷавонин шаҳри Хоруғро шарҳ дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 9 октябр соатҳои 12:30 миёни ҷавонони маҳаллаҳои “Беморхонаи марказӣ” ва “Носири Хусрав”-и шаҳри мазкур муноқиша ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа Орзу Боймамадови 30-сола бо истифода аз таппончаи тамғаи “Макаров” ҷониби Фирӯз Одинашоеви 33- сола тир холӣ мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад: “Дар натиҷаи ин муноқиша Одинашоев Фирӯз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Аз ин пеш, манобеи “Озодагон” гуфта буданд, Одинашоев умуман ба муноқиша рабт надошта, “аз тири “дайду”-и нафарҳои даргир ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 14 октябри соли ҷорӣ Орзу Боймамадов боздошт шуда, аз ӯ “далели шайъӣ таппончаи тамғаи “ПМ”, бе рақам, бо тирдон ва тирҳояш гирифта шуд”.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони Хоруғ мегӯянд, Орзу Боймамадов ихтиёран ба мақомот ҳозир шуда, иддао кардааст, дар қазия танҳо ӯ гунаҳкор нест. Бархе аз манобеъ мегӯянд, муноқиша дар заминаи пули пасандоз, ки соҳибаш натавонистааст, онро аз бонк бигирад, сар задааст.

Ахиран, Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо баргузории як ҷаласа бо ҳузури мақомоти қудратӣ муноқишаи маргбори Хоруғро баррасӣ намуда, омили аслии ин муноқишаро мавҷуд будани силоҳ дар дасти мардум, кам будани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ва беҷазо мондани бархе аз гунаҳкорони муноқишаҳои қаблӣ дар Хоруғ арзёбӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Зиёдулло Азизуллозода, сардори шуъбаи умури дохилии шаҳри Хоруғ ба раиси ВМКБ гузориш додааст, ки дар муноқишаи маргбори 9-уми октябр дар маҳаллаи “Болнисен” дар баробари ҳалокати Фирӯз Одинашоев чанд нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Ба гуфтаи Азизуллозода маҷруҳшудагон дар ин муноқиша дар беморхонаҳо бистарӣ нагардидаанд.

Шодихон Ҷамшед беҷазо мондани гунаҳкорони бархе аз ҷиноятҳои қаблиро яке аз сабабҳои сар задани ин муноқиша хонда, дастур додааст, ки гунаҳкори аслии қазия муайяну муҷозот шавад. Инчунин аз иштироки хонандаҳои синфҳои болоии макотиби миёна дар муноқиша изҳори нигаронӣ шуда, дастур дода шудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар карда шаванд.



Гузориши ТВ "Бадахшон" аз ҷаласаи ситоди назди раиси ВМКБ:


Вернуться назад