Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > АКС: «Сомон»-и Данғара-дастаи нав дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

АКС: «Сомон»-и Данғара-дастаи нав дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон


3 ноябр 2016, 14:02. Разместил: hd
Дастаи футболи “Сомон”-и Данғара баъди пирӯзияш дар Хатлон ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳ ёфт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мақоми дастаи “Сомон”-и Данғара ҳафтаи гузашта, баъди пирӯзияш дар Лигаи дуюми минтақаи Хатлон боло рафта, ҳуқуқ пайдо намуд, ки соли оянда дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баромад кунад.

Дар мусобиқаи лигаи дуюми минтақаи Хатлон дастаҳои «Сомон» (Данғара), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Вахши Зарнисор» (Вахш), «Хуросон» (Хуросон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Парвин-2» (Бохтар) иштирок кардаанд. Соҳиби ҷои дуюм ва медалҳои нуқра дастаи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун ва барандаи медалҳои биринҷӣ «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардиданд. Нишонзанҳои беҳтарини сабқат ду нафар- Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон») ва Самариддин Умаров (Вахши Зарнисор) дониста шудаанд, ки ба дарвозаи ҳарифон 13 тӯбӣ ворид кардаанд.


АКС: «Сомон»-и Данғара-дастаи нав дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

АКС: «Сомон»-и Данғара-дастаи нав дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

Вернуться назад