Главная > Хабарҳои ҷаҳон, Ҷавонон ва варзиш > Сарватмандтарин варзишгари дунё кӣ аст?

Сарватмандтарин варзишгари дунё кӣ аст?


7 декабр 2016, 15:58. Разместил: MG
Маҷаллаи маъруфи Forbes феҳрасти варзишгарони гаронмузди дунёро нашр кардааст.

Дар садри ин рӯйхат баскетболбоз Майкл Ҷордан нишастааст. Ба иттилои маҷалла, дар тамоми карераи худ ӯ 1,7 миллиард доллар кор кардааст.

Давоми 15 мавсими бозӣ дар ҳайати бошгоҳҳои “Chicago Bulls” ва “Washington Wizards” Ҷордан 93 миллион доллар маош гирифтааст. Аммо ҳоло дар дорираи созишномаи рекламавӣ бо Nike солона 100 миллион доллар мегирад.

Голфбозҳо Тайгер Вудс бо 1,65 миллиард доллар дар зинаи ду, Арнолд Палмер бо 1,35 миллиард дар мақоми се ва Ҷек Никлаус бо 1,15 миллиард дар чойи чорум нишастааст.

Вернуться назад