Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Плитаи бетонӣ болои муҳоҷири тоҷик афтидаст
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир > Плитаи бетонӣ болои муҳоҷири тоҷик афтидаст

Плитаи бетонӣ болои муҳоҷири тоҷик афтидаст


13 декабр 2016, 12:51. Разместил: hd
Муҳоҷири 47-солаи тоҷик ҳангоми кор дар яке аз сохтмонҳои шахсӣ дар Русия ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои Раёсати тафтишотӣ Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар вилояти Нижний Новгород, ҳодиса санаи 7 декабр дар ноҳияи Сорм рух додаст.

Ба иттилои манбаъ, сохтмончиён кӯшиш кардаанд ба воситаи мошини борбардор плитаҳои бетониро барои пӯшонидани бино ҷобаҷо кунанд: “Аммо яке аз онҳо канда шуда, ба болои муҳоҷири тоҷик, ки дар ошёнаи якум будааст, афтидаст. Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса нисбат ба шахсони масъул барои таъмин накардани бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Вернуться назад