Главная > Қирғизистон, Видео > Иқдоми сарояндаҳои эстрада барои қироати Қуръони карим (ВИДЕО)

Иқдоми сарояндаҳои эстрада барои қироати Қуръони карим (ВИДЕО)


14 декабр 2016, 14:09. Разместил: MG
Талант Канатбек, овозхони маъруфи қирғиз корзори қироати ояҳо аз китоби муқаддаси мусалмонҳоро миёни ситораҳои эстрадаи Қирғизистон ба роҳ андохтааст.

Канадбек бо шурӯи ин корзор гуфта, ки “эстафета”-ро ба Турдакун Ниёзалиев, овозхони дигари қирғиз медиҳад. Ба дунбол Ниёзалиев дар як навори видеоӣ Қуръон тиловат карда, аз тамошобинон хостааст, ӯро зиёд қазоват накунанд, “зеро касоне, ки ҳофизи Қуръон нестанд, метавонанд иштибоҳ кунанд”.

Ба гуфтаи вай, иштирок дар ин корзор онҳоро таҳрик медиҳад, каме хондани Қуръонро биомӯзанд ва дарк кунанд.

Турдакун Ниёзалиев аз Умар Жанишев, сарояндаи дигар даъват кардааст, ин корзорро идома бидиҳад.


Вернуться назад