Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Видео, Тема дня > ВИДЕО: Нашри суруд ва клипи нави Нигина Амонқулова

ВИДЕО: Нашри суруд ва клипи нави Нигина Амонқулова


20 декабр 2016, 11:33. Разместил: hd
Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик шоми 19-уми декабр суруд ва клипи наваш зери унвони “Муҳаббати мурда аз ҷафо”-ро пешниҳоди мухлисонаш кард.

Клипи нави Амонқулова аз ҷониби Даврон Восидӣ таҳия шуда, оҳанг ва матни суруд маҳсули эҷоди Тобиш Ҳилолӣ мебошад.

“Муҳаббати мурда аз ҷафо” 5-умин суруди Амонқулова мебошад, ки дар соли 2016 пешниҳоди мухлисон шуд. Ин овозхон қаблан сурудҳои “Арӯси замонавӣ”, “Пурнурам” ва "Ёри мусофир"-ро пешниҳод намуд, ки ҳаводорони зиёдро пайдо карда буданд.


Видеои клипи нави Нигина Амонқулова

Вернуться назад