Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Видео, Тема дня > Видеои эътирозу саргардонии мусофирон: Парвоз боз ба таъхир афтод...

Видеои эътирозу саргардонии мусофирон: Парвоз боз ба таъхир афтод...


27 декабр 2016, 16:18. Разместил: hd
Худсарии ширкати “Ямал”, ки қабл аз дарёфти иҷозатномаи мақомоти Тоҷикистон чиптаҳои парвоз аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Хуҷанду Душанберо фурӯхтааст, боиси саргардонии садҳо мусофир шудааст.

Мусофирони хатсайри Жуковский-Хуҷанд мегӯянд, рӯзи сеюм аст, ки наметавонанд тариқи ширкати “Ямал” ба Хуҷанд парвоз кунанд. Ба иттилои мусофирон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба онҳо изҳор доштаанд, ки мушкил сиёсӣ аст ва ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо масъулини сафорат ба зангҳои такрории мусофирон посух надодаанд.

Видеои эътироз ва саргардонии мусофирон:



Дар ҳамин ҳол “Риа новости” хабар додаст, ки парвози ҳавопаймои "Ямал" аз Жуковский ба Хуҷанд, ки бояд соати 11:30-и рӯзи душанбе сурат мегирифт, боз то рӯзи чоршанбе ба таъхир андохта шудааст.

Дар баробари ин дар пайи қарори Русия барои манъи парвози ширкати “Сомон Эйр” дар фурудгоҳҳои ин кишвар садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дармондаанд. Аз ҷумла “Сомон Эйр” тасдиқ кард, садҳо мусофир, ки барои парвоз ба Душанбе чипта харидаанд, чанд рӯз боз дар фурудгоҳи Иркутск дармондаанд ва парвозашон ба Тоҷикистонро интизоранд.

Вернуться назад