Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Рӯ ба рӯ, Видео, Тема дня > ВИДЕО: “Фурӯшандаи гӯшти хар” асли қазияро шарҳ дод

ВИДЕО: “Фурӯшандаи гӯшти хар” асли қазияро шарҳ дод


28 декабр 2016, 11:56. Разместил: hd
Холхӯҷа Искандаров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳафтаҳои охир ҳамчун фурӯшандаи гӯшти хар дар шабакаи интернет машҳур шуд, асли қазияро шарҳ дод.

Дар навори ҷадид, ки имрӯз, 28-уми декабр дар Ютуб нашр шуд, Искандаров, истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ӯ сагпарвар аст ва гӯште, ки дар интернет ҳамчун гӯшти хар муаррифӣ шуд, дар асл гӯшти гови муҳлаташ гузаштагӣ мебошад: “Аз соли 2001 сагпарварӣ мекунам ва соли 2011 шумораи сагҳоро зиёд кардам. Одатан аз партговгоҳ устухонҳоро ёфта, ҷӯшонда ба сагҳоям медиҳам. Тахминан ду моҳ пеш дар партговгоҳ дар даруни халтаҳо гушти зиёдро ёфта, барои сагҳоям овардам. Бачаҳо зиёд буданд, бо шӯхӣ пурсиданд, ки ин гӯшти хар ҳа? Ман ҳам ба шухӣ гуфтам, ҳа гӯшти хар. Дар асл гӯшти гов буд, ки муҳлати истеъмолаш гузашта буд”.



Исандаров афзуд, баъди нашри навори баҳсбарангез аз шӯхии кардааш пушаймон шуд: “Агар мефаҳмидам, кор ин хел мешавад, сагбозӣ ҳам намекардам. Ман аз ин кор пушаймон”.

Ҳафтае қабл дар интернет наворе нашр гардид, ки дар он мошини пур аз гӯшт дида мешуд ва ҳозирин дар ин навор гуфтанд, ин гӯшти хар аст. Дар он навор Искандаров ба суоли яке аз ҳозирин тасдиқ мекунад, ки ин гӯшти хар аст. Дар пайи нашри ин навор баҳсҳои зиёде дар ҷомеаи Тоҷикистон сар заданд ва мақомот низ изҳор доштанд, ки онҳоро таҳқиқ хоҳанд кард.



Вернуться назад