Главная > Туркманистон > Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентӣ 8 рақиб дорад

Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентӣ 8 рақиб дорад


29 декабр 2016, 10:33. Разместил: MG
Барои курсии раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон нуҳ нафар мубориза мебаранд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар ба ҳамаи ин нафарон ҳуҷҷати номзадиро тақдим кардааст ва онҳо расман вориди корзори интихоботӣ шудаанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури амалкунандаи Туркманистон аз номзадҳои асосии ин маъракаи сиёсӣ мебошад. Ӯ 25 декабр аснои ироаи барномаи интихоботиаш тариқи телевизион гуфтааст, фурсати боқимондаи эфири телевизионро ба рақибонаш медиҳад.

Интихоботи президентӣ дар Туркманистон 12 феврал баргузор мешавад.

Вернуться назад