Главная > Тоҷикистон > Тафтишот: Тоҷирони тоҷикро барои 180 000 рубл куштанд (АКС)

Тафтишот: Тоҷирони тоҷикро барои 180 000 рубл куштанд (АКС)


11 январ 2017, 08:47. Разместил: hd
Мақомоти тафтишотии минтақаи Забайкал мегӯянд, тоҷирони тоҷик аз ноҳияи Ғончиро барои 180 ҳазор рубл парондаанд.

Тибқи иттилоияи Кумитаи тафтишотии минтақаи Забайкал бо иттиҳоми қатли ду тоҷири тоҷик се нафар боздошт шуданд ва онҳо аллакай гуноҳашонро иқрор кардаанд: "Боздоштшудаҳо ду сокини 32 ва 35-солаи ноҳияи Улётов ва як истиқоматкунандаи 34-солаи Чита мебошанд".

Тоҷирони тоҷик , ки 30-юми декабр дар роҳи Чита-ноҳияи Красночикойски Русия бедарак гардиданд. Ба иттилои манбаъ боздоштшудаҳо, ки якеаш барои куштор маҳкум шудаасту баъди 12 соли зиндон моҳе қабл раҳо гардид, бо тоҷирони тоҷик дар мавриди фурӯши чормағз маслиҳат кардаанд. Вақте тоҷирони тоҷик бо пул ба ҷои додугирифт ҳозир мешаванд, муттаҳамон онҳоро аз силоҳи шикорӣ паронда маблағашонро мегиранд. Ҷасадҳоро бори мошин карда, аз роҳе кам дур бурда, партофтаанд.

Қаблан мақомоти пулиси минтақаи Забайкал иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Тошпулод Тошпулодови 56-сола ва Бурҳон Гадоеви 31-сола 30-юми декабр дар роҳ аз Чита ба ноҳияи Красночикойск бедарак шудаанд: “Онҳо бо мошини “Mitsubishi Canter”-и сафед, рақами давлатияш Е946НХ75 аз анбори тиҷории кӯчаи Лаза берун шуда, бо худ маблағи нақд ва ҳуҷҷатҳо доштаанд”.

Манбаъ гуфта буд, мошини мазкур аз ҷониби дастгоҳҳои назоратӣ шоми 30-юми декабр дар роҳи Чита-Иркутск сабт шудааст: “Тибқи маълумоти охир тоҷирон дар ҳудуди деҳаи Улёти Забайкал бедарак шудаанд”.


Тафтишот: Тоҷирони тоҷикро барои 180 000 рубл куштанд (АКС)

Тафтишот: Тоҷирони тоҷикро барои 180 000 рубл куштанд (АКС)

Вернуться назад