Главная > Тоҷикистон, Рӯ ба рӯ > Вазорат: Пулгирии табибонро аз арӯсу домодшавандаҳо ба қайд нагирифтаем

Вазорат: Пулгирии табибонро аз арӯсу домодшавандаҳо ба қайд нагирифтаем


11 январ 2017, 12:23. Разместил: hd
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ягон ҳолати пулгирии табибонро барои ташхиси хонадоршавандаҳо ба қайд нагирифтааст.

Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ имрӯз, 11-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ташхиси арӯсу домодшавандаҳо ройгон буда, ягон ҳолати пулгирии табибонро ба қайд нагирифтаанд: “Дар беморхонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаем, ки ташхис ройгон аст”.

Иддаои Вазорат барои ройгон будани ташхиси пеш аз издивоҷ дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон мегӯянд, бархе табибон барои ташхиси пеш аз издивоҷ аз 160 то 200 сомонӣ маблағ мегиранд ва дар баъзе ҳолатҳо бо гирифтани маблағ бидуни ягон ташхис санади солим будани ҷавононро медиҳанд.

Вернуться назад