Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ > Сафири Амрико дар Душанбе: Озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад

Сафири Амрико дар Душанбе: Озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад


16 январ 2017, 10:35. Разместил: MG
Сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон озодии диниро яке аз ормонҳои арзишманди Амрико ва меъёри марказии демократия унвон кардааст. Элизабет Миллард ин нуктаро дар матлабе бахшида ба Рӯзи озодии динӣ, ки 16 январ таҷлил мешавад, таъкид намудааст.

Дар ин матлаб, ки нусхаи он унвонии “Озодагон” ҳам фиристода шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, “Ҳукумати мо мутмаин аст, ки озодии динӣ барои таҳкими демократия ва ҳар намуди озодӣ омили асосӣ мебошад. Дар давлатҳое, ки озодии диниро тарафдорӣ мекунанд, дар байни манфиатҳои дигар, аҳолии солимтар, имкониятҳои бештар барои гирифтани маълумот барои занон ва инчунин даромади баландтар ба назар мерасад”.

МАТНИ КОМИЛИ МАТЛАБИ ХОНУМИ САФИР ПЕШНИҲОДИ ХОНАНДА МЕГАРДАД:

“Давлати мо ҷавон аст, вале дар он эҳтироми бисёрсола нисбати озодии виҷдон вуҷуд дорад. Дар соли 1786, хеле пеш аз шудани Президенти сеюм, Томас Джефферсон қонуни Вирҷинияро оиди озодии динӣ ҳимоя мекард. Қонуни мазкур намунаи ҳифзи озодии динӣ гардид ва дар Конститутсия ИМА инъикос шуд. Ҳар сол 16 январ амрикоиҳо ва дӯстони онҳо ин ормонро ҷашн гирифта, дар бораи аҳамияти озодии фикрӣ, озодии виҷдон ва озодии эътиқод мулоҳиза мекунанд.

Аз лаҳзаи омадани муҳоҷирони аввал ба Иёлоти Муттаҳида, одамон аз анъанаҳои динии гуногун ба як миллати гуногуншакл муттаҳид шуданд. Барак Обама аҳамияти тағирнопазири озодии диниро таъкид карда, гуфт: «Вақте ки одамон аз ҳамаи динҳо пазируфта мешаванд, узви комилҳуқуқу баробарҳуқуқи ҷомеаи мо ҳастанд, ҳамаи мо қавитару озодтар мешавем».

Дар ҷомеаҳои бисёр пайравӣ кардани ин ормон ба осонӣ намеояд. Тахминан дар 24% давлати ҷаҳон, ки дар он 74% аҳолии замин зиндагӣ дорад, маҳдудиятҳои назаррас дар масоили озодии динӣ вуҷуд дорад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки дар сурати риоя накардани ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҳукумат, аз он ҷумла озодии динӣ, роҳ барои тундгароишавии шаҳрвандон кушода мешавад ва дар натиҷа баъзе табақаҳои аҳолӣ барои паёмҳои экстремистӣ ва васвасаи ҳамроҳ шудан ба созмонҳои экстремистии хушунатомез осебпазир мешаванд.

Барои ҳифз аз чунин ифротгароӣ ва татбиқи пайравии мо аз гуногуншаклии динӣ Иёлоти Муттаҳидаи фаъолона талош дорад, то ҳифзи озодии диниро ба дипломатияи кишварамон ворид кунад. Ҳукумати мо мутмаин аст, ки озодии динӣ барои таҳкими демократия ва ҳар намуди озодӣ омили асосӣ мебошад. Дар давлатҳое, ки озодии диниро тарафдорӣ мекунанд, дар байни манфиатҳои дигар, аҳолии солимтар, имкониятҳои бештар барои гирифтани маълумот барои занон ва инчунин даромади баландтар ба назар мерасад.

Иёлоти Муттаҳидаи омода аст бо дӯстону шарикони худ ҷиҳати дастгирии плюрализму гуногуншаклии динӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Мо боварӣ дорем, ки озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад”.

Элизабет Миллард Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аст. Қабл аз ин ӯ дар Вашингтон дар ҳайати Котиби давлатӣ Ҷон Керри фаъолият намудааст. Пештар хонум ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар ш. Астана, Қазоқистон ва сардори Консулгарии генералии ИМА дар ш. Касабланка, Марокаш фаъолият кардааст. Хонум Миллард фарзанди корманди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, дар мамлакатҳои хориҷӣ ба воя расидааст. Ӯ дар макотиби Дания, Шветсия ва Тунис таҳсил кардааст. Хонум дар Мактаби иқтисодии Лондон таҳсил кард ва Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинсро хатм намудааст. Хонум Миллард ва ҳамсари марҳумаш соҳиби панҷ фарзанд ва шаш набера ҳастанд. Дар вақти холиаш ӯ бо пухтани хӯрок, машқҳои варзишӣ, мутолиаи китоб ва гӯш кардани мусиқӣ машғул аст.

Вернуться назад