Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ихроҷи 11 муҳоҷири тоҷик аз Русия
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир > Ихроҷи 11 муҳоҷири тоҷик аз Русия

Ихроҷи 11 муҳоҷири тоҷик аз Русия


27 март 2017, 15:44. Разместил: MG
11 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳафтаи сипаришуда бо иттиҳоми нақзи қавонини муҳоҷират аз қаламрави Русия депорт шудаанд.

Раёсати хадамоти федеролии судиҷрочиёни вилояти Самара гуфтааст, ин муҳоҷирон аз ҳисоби худи онҳо ба ватан фиристода шудаанд: “Таври маълум муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвари мо тавассути нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ меоянд, ки гирифтани визаро талаб намекунад. Аммо бо гузашти 90 шабонарӯз онҳо қаламрави Русияро тарк намекунанд ва бо ин қоидаи будубош дар Федератсияи Русиро нақз мекунанд”.

Ба иттилои манбаъ, барои чунин қонуншиканӣ то 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷ аз қаламрави Русия пешбинӣ шудааст. Бар илова шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаҳои муҳоҷиратро нақз кардаанд, то панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешгаванд.

Ба омори Раёсати хадамоти федеролии судиҷрочиёни вилояти Самара шурӯъ аз соли 2017 беш аз 140 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия депорт шудаанд. Аз ин шумора 55 нафар аз ҳисоби худ ба ватан интиқол ёфтааст.

Вернуться назад