Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 5 “қадам ба қафо” гузошт

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 5 “қадам ба қафо” гузошт


7 апрел 2017, 09:37. Разместил: MG
Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки дирӯз, 6 апрел нашр шуд, мавқеашро 5 зина аз даст додааст.

Мунтахаби кишвар, ки тайи ду моҳи охир дар мақоми 133 менишаст, дар раддабандии нав бо 203 имтиёз зинаи 138-ро муаррифӣ мекунад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пасошуравӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар ҷойи 60-ум қарор дошта, аз Русия (61) пеш аст. Қазоқистон дар зинаи 105, Қирғизистон 128 ва Туркманистон дар зинаи 140–уманд.

Мунтахаби Бразилия дар феҳристи нави ФИФА бо 1661 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Аргентина (1603 имтиёз) дар ҷойи дувум ва Олмон (1464 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд. Чили, Колумбия, Фаронса,Белгия, Португалия, Швейтсария ва Испания шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Вернуться назад