Главная > Тоҷикистон, Акс, Видео > Гузориши “Озодагон” аз вазъи сокиноне, ки дар масҷид зиндагӣ мекунанд (АКСУ ВИДЕО)

Гузориши “Озодагон” аз вазъи сокиноне, ки дар масҷид зиндагӣ мекунанд (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел 2017, 11:27. Разместил: MG
Сокинони ду маҳаллаи шаҳраки Обигарм, ки дар пайи резиши ярч хонаҳояшон тахриб шуда, ҳоло дар масҷид зиндагӣ доранд, мегӯянд, касе ҳоли онҳоро намепурсад.

Маҳаллаҳои “Бустонсаро” ва “Олим Карим” аз 15 рӯзи пеш маҷбур ба тарки манзилҳояшон шудаанд ва бештари онҳо ҳоло дар масҷид ва қисме дар хонаи хешу табор сукунат доранд. Хабарнигори “Озодагон” ба назди онҳо рафт ва бо вазъи зиндагиашон шинос шуд. Норинисо Баҳодурова, сокини маҳаллаи “Олим Карим” гуфт, 3 апрел вақте ярч фаромад, аз хонаҳо берун шуда, ҳамроҳи кӯдакони хурдсол 7 соат зери борон дар рӯйи теппаҳо қарор доштанд. “Раиси ҳукумат зуд ба маҳалли ҳодиса расид ва дастур дод, ки онҳоеро ки хонаашон зарар дидааст, дар масҷид ҷой кунед. Инак 15 рӯз мешавад, ки дар масҷид ҳастем. Инҷо 24 хоҷагӣ ҳаст, ки ҳар кадомаш 2-3 келинӣ ва 4-5 кӯдакӣ доранд”,-изҳор дошт ӯ.

Хонум Баҳодурова афзуд, дар ин муддат раиси ҳукумат як бор ва раиси ҷамоат ду маротиба омада ҳоли онҳоро мушоҳида карданд. Рӯзи аввал як намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ҳузур пайдо кард, аммо то ҳол ҳеч ёрие дарёфт накардаанд: “Рӯзҳои аввал фикр мекардем, ки раҳбарияти олии кишвар, ки ҳамеша ба мардуми манотиқи офатзада кумак мекунад, ба мо ҳам ёрӣ медиҳад. Аммо ним моҳ гузашт, ягон кумак нест. Шояд онҳо аз мушкили мо огаҳ нестанд?”

Ин сокини муваққатии масҷид мегӯяд, ду писараш дар сохтмони неругоҳи Роғун кор мекунанд ва вақте шабона бармегарданд, ҷойе барои хушк намудани либосҳои онҳо ва ҷойе барои таҳияи ғизояшон намеёбад: “Ман ба 57 даромадам. Дар ин муддат 3 бор аст, ки куч дар пушт аз ин ҷо ба онҷо мегардем. Хоҳиши мо ин аст ки дар ягон маҳалли ҳамвору амн барои мо қитъаи замин ҷудо шавад, то инҳама ранҷҳоро поён ёбанд”.

Адолат Асоева, ки дар маҳаллаи “Бустонсаро” иҷора менишаст, мегӯяд, офати табиӣ аз ҳама бештар ба ӯ хисорот овард. Ба гуфтаи вай тамоми захираи хурокворӣ ва умуман ҳар чизе ки дошт, зери об монд: “Як гурумбос шуд ва саросема фарзандҳоямро гирифта аз хона берун шудем. Дигар чизеро намедонам”.

Хонум Асоева афзуд, бо чор кӯдаки мактабхонаш саргардонаст: “Шароити дарсравию дарстаёркунӣ надоранд. Намедонам то кай ин аҳвол идома мекунад”.

Сабрӣ Муҳаммадиева, сокини дигари зарардидаи шаҳраки Обигарм мегӯяд, раиси ҳукумат дарди дили онҳоро намешунавад ва ба мушкилашон расидагӣ намекунад: “Фарзандонам дар хонаи модарам ҳастанд. Мо се оила дар як манзил зиндагӣ мекунем”.

Ӯ гуфт, вақте замини манзилашон оҳиста оҳиста ба ҷарӣ мерафт ва таҳдиди хароб шудани хонаашон зиёд шуд, се маротиба барои дарёфти қитъаи замин ариза навиштанд, аммо ин дархосташон беҷавоб монд: “То кай дар хонаи додару бародар зиндагӣ мекунӣ? Онҳо ҳам чанд оила ҳастан ва онҳо ҳам зиндагӣ доранд”.

Масъулини шаҳри Роғун ба аҳолии маҳаллаи “Бӯстон”, ки баъди офати табиӣ ҳоло касе онҷо зиндагӣ намекунад, гуфтаанд, ин макон ҷойи истироҳат буд, на маҳалли маскунӣ. Дар ҳамин ҳол, Мавҷигул Бобиева, як сокини маҳалла гуфт, аз соли 2004 инҷо зиндагӣ дорад ва манзилашро бо нархи гарон харида буд: “Агар иҷоза намешуд, аз аввал бояд намефурӯхтанд. Барқ намедоданд. То имрӯз барқ дода ва маблағи онро гирифтанд. Андози замину хонаҳоро гирифтанд, имрӯз омада мегӯянд, онҷо барои зиндагии доимӣ набуд”.

Асомиддин Сафоев, раиси маҳаллаи “Олим Карим”, ки ба гуфтаи сокинони зарардида ним моҳ аст, ки онҳоро аз ҳисоби худ бо ғизо таъмин мекунад, гуфт, рӯзи аввали ҳодиса намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ваъда супурд, ки ба мардум кумак мекунанд: “Аммо то ҳол аз кумак хабаре нест. 15 рӯз мешавад ягон кас ба доди инҳо намерасад”.

Сокинони зарардида мегӯянд, рӯзи 12 апрел назди бинои ҳукумати шаҳр рафтаанд. Масъулини ҳукумат ба онҳо ваъда додаанд, ки баъди имзои фармон ба онҳо аз маҳаллаи “Ёри ҷавонӣ” ба андозаи 4 сотихӣ замин ва 3 ҳазор сомонӣ пул хоҳанд дод. Аммо ба гуфтаи сокинон маҳалли пешниҳодшуда, низ амн нест ва хатари такрор шудани тақдира ҳозираашон мавҷуд аст. Бар илова маблағи ваъдагӣ ҳатто барои хариди семент намерасад. Онҳо дархост доранд, барояшон дар ягон макони бехавфу ҳамвортар қитъаи замин ҷудошавад, то зиндагиашонро осуда паси сар намоянд.

Вернуться назад