Главная > Қазоқистон, Тема дня > Назарбоев ришу сиёҳпӯширо бегона хонда, хостори манъи он шуд

Назарбоев ришу сиёҳпӯширо бегона хонда, хостори манъи он шуд


20 апрел 2017, 10:30. Разместил: hd
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон шими кӯтоҳу ришмонии мардон ва либоспӯшии сиёҳи занонро фарҳанги бегона хонда, даъват кардааст, ки масъалаи манъи он аз нигоҳи қонунӣ дида шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Қазоқистон, Назарбоев ин нуктаро 19 апрел дар мулоқот бо руҳониёни аршади кишвараш изҳор дошта, афзудааст, ки ҷавонон аз бесаводӣ риш мемонанад, шимҳояшонро кӯтоҳ мекунанд: “Шумори қазоқдухтароне, ки пурра худро бо либоси сиёҳ мепӯшонанд, зиёд шудаанд, ки ба фарҳанги мо мутобиқ нест. Қазоқҳо либоси сиёҳро дар мотам мепӯшанд”.

Ба иттилои манбаъ, Президент аз фарҳанги қазоқҳо, анъанаи либоспушии занони кишвараш ёдовар шуда, гуфтааст, миёни дин ва сиёҳпушӣ алоқае нест: “Агар ҷавонон бегонапарастӣ кунанд ба давлат чи мешавад? Мо ба ин иҷоза намедиҳем. Дар замони рушди техника ва технология Қазоқистон бояд арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва анъанаҳоро нигоҳ дорад”.

Назарбоев доштани донишҳои диниро миёни аҳолӣ муҳим хонда гуфтааст, мусалмони ҳақиқӣ на аз рӯи либос, балки ба боварияш дар ботин фарқ мекунад ва агар дар қалби инсон ишқ ҳаст, пас, ӯ эътиқод дорад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон аз ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ миёни мардумаш ёдовар шуда, гуфтааст, бояд мутахасисони бомаҳорат барои омӯзиши ин равияи Исломро омода кард.

Президенти Қазоқистон афзудааст, ки давоми асрҳои XVIII-XIX ҷаҳони Ислом дар кулли дунё раҳбар буд: “Он сарчашмаи илм, ватани файласуфон, табибон ва нависандагон буд ва мо мавқеи роҳбариро дар ин масъалаҳо аз даст додем. Имрӯз мо бояд барои кашфи илму дониш баҳри худ ба суи ҷаҳони мутамаддин ҳаракат намоем”.

Вернуться назад