Главная > Тоҷикистон, Тема дня > Шикоят аз “бесабаб” гирифтани маблағи телефон ва тундгӯии кормандони “Билайн”

Шикоят аз “бесабаб” гирифтани маблағи телефон ва тундгӯии кормандони “Билайн”


21 апрел 2017, 09:13. Разместил: MG
Як муштарии ширкати мобилии “Билайн” мегӯяд, ду рӯзи ахир аз тавозунаш маблағҳо бидуни огоҳӣ гирифта мешаванд.

Ин муштарӣ, ки худро Мижгон ном бурд, гуфт, аз бастаи интернетии “Чаққон” истфода мебарад ва бояд ҳамарӯза аз тавозунаш барои 50 мб 1 сомониву 20 дирам ситонида шавад: “Аммо рӯзи 19 апрел аз ҳисобам 7 ва рӯзи 20 апрел 6 сомонӣ гирифта шуд”.

Ба гуфтаи Мижгон, вақте рӯзи аввал ба хадамоти муштариёни ширкат тамос гирифт, ба ӯ гуфтаанд, “бо сабабҳои техникӣ" аз ҳисоби шумо маблағ гирифта шуд ва аз номи ширкат узр мепурсем. “Вақте 20 апрел дубора аз ҳисобам маблағ гирифтанд, боз ба ширкат занг задам. Дубора ҳамон гап такрор шуд, ки бо сабабҳои техникӣ ин ҳолат рух додааст. Ман талаб кардам, ки бо роҳбар ё намояндаашон пайваст кунанд. Як нафар, ки худро Нуриддин муаррифӣ кард, гуфт ба 0611 занг занам. Гуфтам, ки бо ҳамин рақам бо Шумо суҳбат дорам. Ӯ дубора маро ба нафари аввалӣ, ки номашро Аҳлиддин гуфт, пайваст намуд. Аммо Аҳлиддин бо як лафзи тунд суҳбат кард ва нахост арзамро бишнавад”.

Ин муштарӣ мегӯяд, ҳамин тавр натавонист бифаҳмад, ки агар гирифтани маблағаш бо далели фаннӣ бошад, онро дубора барқарор мекунанд ё на. "Ман хеле нороҳат шудам. Муносибати кормандони ширкат бо як муштарӣ набояд ин тавр бошад",-афзуд вай.

Шикоят аз “бесабаб” гирифтани маблағи телефон ва тундгӯии кормандони “Билайн”

Вернуться назад