Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Душанбе: Боздошти 2 тоҷир барои сохтакории тамғаҳои аксизӣ

Душанбе: Боздошти 2 тоҷир барои сохтакории тамғаҳои аксизӣ


21 апрел 2017, 10:34. Разместил: hd
Маъмурини гумрук ду тоҷири бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанберо боздошт намудаанд, ки дар сохтакории тамғаҳои аксизии сигорҳои «ESSE» ва «PINE» муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз дӯконҳои боздоштшудаҳо, ки 31 ва 33 сол доранд, 22 ҳазор қутии сигори «ESSE» ва «PINE» дарёф шудаанд, ки тамғаи аксизии худсохт доранд: “Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ – техникии ҳуҷҷатҳо, тамғаҳои аксизие, ки дар қуттиҳои тамоку насб карда шудаанд бо истифодаи техникаи компютерӣ ва нусхабардорӣ тайёр карда шуда, ба тамғаҳои аксизии стандартии аз тарафи Вазорати адлияи Тоҷикистон барои маҳсулоти тамоку пешбинишуда, мувофиқат намекунанд”.

Хадамоти гумрук афзуд, ки алайҳи муттаҳамон бо моддаи 340 қисми 1- и Кодекси ҷиноятӣ, барои сохтакории маркаҳои аксизӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар тафтишоти Прокуратураи генералӣ қарор дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи аз 25 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, маҳрумият аз мансабу фаъолиятҳои муайян ба муҳлати то панҷ сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ кардааст.

Вернуться назад