Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Тема дня > Рустами Эмомалӣ номи боз чор “пойтахт”-ро иваз намуд (НАВШУДА)

Рустами Эмомалӣ номи боз чор “пойтахт”-ро иваз намуд (НАВШУДА)


21 апрел 2017, 16:26. Разместил: MG
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба қарори раиси пешини Душанбе тағйирот ворид намуда, номи Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Пойтахт-80”-ро ба “Аҳорун” иваз кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи тағйири номи "Пойтахт-80" имрӯз, 21 апрел содир шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин қарор гуфта мешавад, директори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Аҳорун" Убайдулло Раҷабов ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе гузошта шудааст.

Дар қарори дигар, раиси шаҳри Душанбе амр кардааст, номи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази равобити пойтахт” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷавонон” иваз карда шавад. Ва дар асоси ду қарори дигари оқои Эмомалӣ “Маҷмааи савдои Пойтахт-90” ба “Бозори Меҳргон” ва "Боғи Пойтахт" ба "Боғи фарҳангию фароғатии "Хайём" табдили ном кардааст. Дар як қарори дигари шаҳрдорӣ аз номи "Наврӯзгоҳи пойтахт" калимаи "пойтахт" бардошта шудааст. Аз ин баъд номи ин корхона "Наврӯзгоҳ" хоҳад буд.

28 марти соли равон Рустами Эмомалӣ номи меҳмонсаро ва телевизиони "Пойтахт"-ро ба "Душанбе" иваз карда буд.

14 март "Озодагон" бо нашри як ИНФОГРАФИКА теъдоди муассиса ва биноҳоеро, ки дар шаҳри Душанбе номи пойтахтро доранд, гирд оварда буд. Ба ҳисоби мо дар Душанбе ҳадди ақал 8 муассиса номи “Пойтахт”-ро доштанд. Бо қарори шаҳрдорӣ ҳоло номи панҷтои он иваз карда шуд.

Рустами Эмомалӣ номи боз чор “пойтахт”-ро иваз намуд (НАВШУДА)


Вернуться назад