Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҷазои тоҷики ҳақталош: Ҳабс, гуруснагӣ, латукӯб то имзо зери санади гунаҳкорӣ (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир, Тема дня > Ҷазои тоҷики ҳақталош: Ҳабс, гуруснагӣ, латукӯб то имзо зери санади гунаҳкорӣ (ВИДЕО)

Ҷазои тоҷики ҳақталош: Ҳабс, гуруснагӣ, латукӯб то имзо зери санади гунаҳкорӣ (ВИДЕО)


24 апрел 2017, 15:10. Разместил: hd
Акбаршо Раҳимов, муҳоҷири қонунии тоҷик дар Маскав, аз афроде, ки бо либоси мулкӣ хостаанд, ҳуҷҷатҳояшро санҷанд, шаҳодатномаи хидматӣ хостааст ва дар натиҷа мавриди таҳқир, ҳабс, гуруснагӣ ва “депорт” қарор гирифтааст.

Иззат Амон, вакили дифои Раҳимов гуфт, қаблан ба ӯ наздикони ин ҷавон муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки фарзандашон бедарак шудааст. Дар пайи кофтукоб Раҳимов аз боздоштгоҳи Маскав пайдо гардид ва саргузашти ба сараш омадаро чунин нақл кардааст.

Ӯ гуфтааст, 20-уми январи соли равон, дар роҳи бозгашт аз кор афроде бо либоси мулкӣ аз ӯ санад хостаанд. Муҳоҷири тоҷик, ки тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро барои иқомату кор дар Маскав доштааст, аз ин нафарони ношинос шаҳодатномаи хидматӣ талаб кардааст. Дар натиҷа ӯро “чурка”-гӯён таҳқир намуда, бидуни ягон асос боздошт кардаанд ва ба идораи пулиси ноҳияи Дорогомилов бурдаанд.

Раҳимов мегӯяд, 4 рӯз дар ҳабс бидуни ғизо нигоҳдорӣ шуд: “Тамоми ҳуҷҷатҳо, патенту қайд ва дигарро доштам. Баъдан шарт гузоштанд, ки ҳуҷҷатҳоро имзо кунам ва ғизою телефон хоҳанд дод, аммо рад кардам ва боз мавриди латукӯб қарор гирифтам”.

Дар натиҷа Акбаршо Раҳимов маҷбур шудааст, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи маъмурини пулисро имзо кунад ва аз сӯи додрас Вера Белкина бидуни ягон баррасӣ “депорт” шудааст.

Иззат Амон мегӯяд, дар пайи баҳсу баррасиҳо ниҳоят ноил шудаанд, ки ҳукми депорти Раҳимов бекор гардад ва ӯ баъди се моҳи ҳабс аз боздоштгоҳ озод шавад. Ин вакили дифоъ гуфт, феълан алайҳи сардори пулиси ноҳияи Дорогомилов ва додрас Вера Белкина ба додситонӣ ва Коллегияи шӯрои судяҳои шаҳри Маскав шикоят кардааст ва муҷозоти онҳоро интизор аст.



Вернуться назад