Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Бехонаҳо, фоҳишаҳо ва нашъамандони Туркманистон то анҷоми бозиҳои Осиё дар боздоштгоҳ мемонанд
Главная > Туркманистон > Бехонаҳо, фоҳишаҳо ва нашъамандони Туркманистон то анҷоми бозиҳои Осиё дар боздоштгоҳ мемонанд

Бехонаҳо, фоҳишаҳо ва нашъамандони Туркманистон то анҷоми бозиҳои Осиё дар боздоштгоҳ мемонанд


26 апрел 2017, 09:05. Разместил: MG
Пулиси шаҳри Ишқобод - пойтахти Туркманистон амалиёти боздошти бехонаҳо, майнӯшҳо ва нашъамандонро аз сар гирифт.

Таҳхона ва боми биноҳои баландошёна, ки одатан бехонаҳо онҷо паноҳ мебаранд, тафтиш мешавад. Пулис занҳои фоҳишаро низ дастгир мекунад, менависанд нашрияҳои маҳаллӣ.

Боздоштшудаҳо ба дармонгоҳи муътодон фиристода мешаванд. Одамони муътод онҷо 1-2 моҳ муолиҷа мешаванд, аммо тавре расонаҳо менависанд, ин навбат боздоштшудаҳо то анҷоми бозиҳои Осиё-2017, то охири моҳи сентябр дар дармонгоҳ боқӣ хоҳанд монд.

Тавре хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар кӯчаҳои Ишқобод сокинонеро ҳам, ки дар бар сару либоси дурусте надоранд, боздошт мекунанд. Онҳое, ки дар қайди пойтахт нестанд, ҷарима баста, ба навоҳӣ ихроҷ мекунанд.

Вернуться назад