Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Русия: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар “ҷалби зархаридон” муттаҳам мешавад
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир > Русия: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар “ҷалби зархаридон” муттаҳам мешавад

Русия: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар “ҷалби зархаридон” муттаҳам мешавад


7 июн 2017, 10:19. Разместил: MG
Пулиси байналмилал ё Интерпол дар Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро боздошт кардааст, ки аз сӯи мақомоти тоҷик дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин зодаи Тоҷикистон дар як сохтмони бинои истиқоматии “Солнечный город” кор мекардааст. Ба иттилои манбаъ, мақомоти тоҷик нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 401(ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар сурати истирдод ва исботи гуноҳ ӯро то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Вернуться назад