Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Дидгоҳи хос, Муҳоҷир, Видео > ВИДЕО: Ҷанҷоли гуруҳии муҳоҷирон дар Якутск

ВИДЕО: Ҷанҷоли гуруҳии муҳоҷирон дар Якутск


16 июн 2017, 09:28. Разместил: hd
Расонаҳои шаҳри Якутск бо нашри як видео аз муноқишаи гуруҳии муҳоҷирон хабар додаанд, ки гӯиё миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон рух додааст.

Тибқи иттилои “CrimYakutia” муноқишаи гуруҳӣ 15-уми июн дар майдони сохтмони бинои “Прометай” рух додааст: “Феълан ҷузъиёти ҳодиса маълум нест. Пулис чанд нафар аз иштирокдорони муноқишаро боздошт кард ва айни ҳол таҳқиқи ҳодиса идома дорад”.

Расонаҳои Якутск зикр кардаанд, ки баҳори соли равон низ дар пайи як ҷанҷол миёни ҷавонони тоҷику узбак эҳтимол дошт, ки муноқишаҳо шиддат гиранд. Аммо муфтии мусалмонони Ёқутистон ҷонибҳоро оштӣ кард ва даъват намуд, ки дигар ба чунин нофаҳмиҳо роҳ надиҳанд.

Вернуться назад