Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Маслиҳати мутахассис ба ҷабрдидаҳо аз ҳамлаи вирус дар Фейсбук
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Дидгоҳи хос > Маслиҳати мутахассис ба ҷабрдидаҳо аз ҳамлаи вирус дар Фейсбук

Маслиҳати мутахассис ба ҷабрдидаҳо аз ҳамлаи вирус дар Фейсбук


7 июл 2017, 17:26. Разместил: hd
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, мутахассиси саршиноси масоили технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар пайи ҳамлаҳои вирусии рӯзҳои охир ба корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки калидвожаҳои саҳифаашонро дар ин шабакаи иҷтимоӣ иваз намоянд.

Ибодуллоев бо нашри як баёния изҳор доштааст, ки рӯзҳои охир вирус аксари корбарони Фейсбукро дар кишвар фаро гирифт.

Ӯ дар ин ҳол маслиҳат додааст, ки баробари тоза кардани барномаҳо (приложения) аз сафҳаи фейсбукӣ, инчунин калидвожаҳо иваз карда шаванд. Ӯ муҳим хондааст, ки ҳар калидвожае барои дастрасӣ ба ин ё он саҳифа бояд на бештар аз 2 моҳ истифода шавад.

Дар пайи нав кардани калидвожа Муҳаммадиев тавсия додааст, ки корбарон ба сафҳаи фейсбукӣ танҳо баъди пок кардани “кэши браузер” ворид гарданд.

Ин дар ҳолест, ки вирус дар бахши тоҷикии Фейсбук рӯзҳои охир зиёд паҳн шудааст ва он аз номи дӯстон дар шакли пайванди видеоӣ ба дигарон равона мешавад. Ба корбарони Фейсбук маслиҳат дода шудааст, ки пайвандҳои шубҳанокро, ки аз номи дӯстон ворид мешаванд, накушоянд ва калидвожаҳояшонро иваз намоянд.

Вернуться назад