Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Рӯ ба рӯ, Видео, Тема дня > Даъвати Ҳакимзода аз шаҳрвандон: Ба телефони боварӣ занг бизанед (ВИДЕО)

Даъвати Ҳакимзода аз шаҳрвандон: Ба телефони боварӣ занг бизанед (ВИДЕО)


18 июл 2017, 12:11. Разместил: MG
Руҳулло Ҳакимзода, раиси Раёсати бонки давлатии Тоҷикистон - “Амонатбонк” мегӯяд, давоми шаш моҳи соли равон дар пайи 22 санҷиши Идораи назорат ва аудити дохилӣ 7 кормандаш аз кор озод шудаанд.

Ҷаноби Ҳакимзода дар нишасти хабарии рӯзи 18 июл дар шаҳри Душанбе бо таъкиди ин нукта, ки “ҷойе ки кор ҳаст, камбудӣ мешавад” гуфт, миёни тими иборат аз сеҳазорнафарии “Амонатбонк” низ баъзан ашхосе пайдо мешаванд, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Вай афзуд, аз замони шурӯи фаъолият то имрӯз 300 кормандро барои паст будани сатҳи дониш ва даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ аз кор озод кардааст: “Ҳар корманд, новобаста аз ҷинсаш, ки ба чунин аъмол даст задааст, аз кор озод кардем. Нафаре ки камбудӣ кард, намегузорам як рӯз дар система кор кунад. Ин принсипи кории ман аст”.

Раиси Раёсати “Амонатбонк” дар идома гуфт, баъзе кормандони бонк барои расонидани нафақаи солмандон аз онҳо аз 4 то 7 сомонӣ талаб кардаанд. Ӯ аз як чунин ҳолат дар ноҳияи Рӯдакӣ мисол зад: “Худи ҳамин сол як зан маблағ талаб карда гуфтааст, хоҳед ҳамин, нахоҳед 4-5 километр рафта, худатон маблағи худро дастрас кунед”.

Руҳулло Ҳакимзода мегӯяд, дар аксар маворид чунин ҳолатҳо дар пайи соддагӣ ва дониши ҳуқуқӣ надоштани шаҳрвандон сар мезанад. Зимнан, вай аз шаҳрвандони кишвар хост, дар сурати шоҳиди чунин ҳолатҳо шудан ҳатман ба телефони боварии бонк тамос бигиранд.


Вернуться назад