Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос, Видео > Ақибнишинии Саудӣ аз сохтмони парлумони Тоҷикистон: Худоро шукр, Чин грант дод (ВИДЕО)

Ақибнишинии Саудӣ аз сохтмони парлумони Тоҷикистон: Худоро шукр, Чин грант дод (ВИДЕО)


19 июл 2017, 10:06. Разместил: hd
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон ақибнишинии Арабистони Саудиро аз сармоягузории бинои нави парлумони кишвар тасдиқ карда, изҳор дошт, маблағгузории ин биноро Чин ба уҳда гирифт.

Аҳмадзода имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маҷмааи нави парлумони Тоҷикистон дар маркази пойтахт бо гранти 100 фоизаи Чин бунёд мегардад. Ӯ ҳаҷми гранти Чинро ҳудуди 230 миллион доллари амрикоӣ гуфт: “Ҳозир грант ҷудо шуд. Корҳои топографӣ оғоз шуд, лоиҳасозӣ аз тарафи пажуҳишгоҳ идома дорад. Сохтмони бинои нави парлумон то охири сол оғоз хоҳад шуд”.

Дар мавриди бинои нави ҳукумат Аҳмадзода изҳор дошт, ки нисбати лоиҳаи он баъзе эродҳо буд ва феълан ислоҳи он идома дорад: “Маблағгузории онро низ Хитой ба уҳда гирифт”.

Дар ҷавоб ба ин суол ки "дар шароити буҳронӣ бунёди чунин маҷмааҳои боҳашамат то куҷо дуруст аст", раиси Кумитаи сохтмон гуфт, “мо бояд Худоро шукр гӯем, ки грант доданд, коргарҳои мо бо ҷои кор таъмин мешаванд. Биноҳои фарсуда буданд, ҳозир ҳамааш нав мешавад. 53 метр гулгашт мешавад, хуб нест? Бинои парлумон аз 4 ошёна иборат аст, аммо хеле баланд бунёд хоҳад шуд”.



Вернуться назад