Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос, Видео, Тема дня > Давоми шаш моҳи ахир беш аз 170 корхона аз фаъолият бозмондааст (ВИДЕО)

Давоми шаш моҳи ахир беш аз 170 корхона аз фаъолият бозмондааст (ВИДЕО)


26 июл 2017, 16:39. Разместил: MG
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, давоми шаш моҳи соли равон 175 корхонаи саноатӣ дар кишвар аз фаъолият бозмондааст.

[b]Шавкат Бобозода[/b], вазири саноат ва технологияҳои нав имрӯз, 26 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин дар ҳоле ки дар ин давра ҳамагӣ 78 корхона таъсис ёфтааст. Ӯ афзуд, вақте сухан дар бораи аз фаъолият бозмондани корхонаҳо меравад, бояд таъкид намуд, ки баъзе корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранд.

Ба гуфтаи вазир, сабаби аз кор мондани корхонаҳо ба қарздории онҳо назди бонкҳо марбут аст: [b]“Бархе корхонаҳо аз бонкҳо қарз мегиранд ва сари вақт наметавонанд онро баргардонанд”.[/b]

Ҷаноби Бобозода афзуд, дар ҳоли ҳозир дар миқёси кишвар 1957 корхонаи саноатӣ фаъол аст: "Аз ин 494 корхонаи соҳаи саноати хурокворӣ, 35 корхонаи соҳаи истеҳсоли маъдан, 488 соҳаи маҳсулоти сохтмон, 19 корхонаи соҳаи саноати ангишт, 415 корхонаи соҳаи саноати сабук, 298 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, 150 соҳаи табъу нашр, 33 корхонаи нафту газ ва 25 корхонаи дигар марбути вазорати энергетика ва захираҳои об мебошад".

Вазир мегӯяд, дар ҳамин давраи соли гузашта дар ҷумҳури 2051 корхона фаъол буд.[/b]


Вернуться назад