Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Видео > Ректори Донишкадаи исломӣ: Ҳама мехоҳад дар гуруҳи буҷавӣ таҳсил кунанд (ВИДЕО)

Ректори Донишкадаи исломӣ: Ҳама мехоҳад дар гуруҳи буҷавӣ таҳсил кунанд (ВИДЕО)


29 июл 2017, 10:10. Разместил: MG
Тайи ду соли ахир теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар пайи ин бархе кормандони донишкада ҳам ихтисор шудаанд.

Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ далели ин омилро ба таваҷҷуҳи довталабон ба гуруҳҳои буҷавӣ рабт дод. Ӯ гуфт, агар дар варақаҳои бақайдгирӣ 10 ҷой барои таҳсили ройгон ва 15 ҷой барои таҳсили шартномавӣ бошад, тамоми довталабон худро дар гуруҳи ройгон сабти ном мекунанд ва ҷойҳои шартномавӣ холӣ мемонад: “Аз 300-500 довталаб танҳо даҳ нафар донишҷӯ мешаванду халос”.

Ҷаноби Асомуддинзода афзуд, сабаби гуруҳҳои буҷавиро интихоб кардани довталабон шояд ба ҳолати иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо рабт дошта бошад ва изҳори умед кард, ки ин ҳолат солҳои баъдӣ хубтар мегардад.

Ба таъкиди Тоҷиддин Асомуддинзода, ин ҳолат на танҳо дар Донишкадаи исломӣ, балки дар дигар донишгоҳҳо низ мушоҳида мешавад: “Чанд рӯз пеш шӯрои ректорон буд, онҳо низ ҳамин гиларо доштанд, ки ҷойҳои ройгон пур мешавад. Теъдоди одамони дар он ҷой ҳуҷҷатсупорида 10-20 маротиба зиёд мешавад, вале ҷойҳои шартнома холӣ мемонад”.



Ректори Донишкадаи исломӣ мегӯяд, вақте довталаб танҳо гуруҳи буҷавиро интихоб мекунад, ҳангоми рад шуданаш наметавонад ба гуруҳи шарномавӣ роҳ ёбад: “Вақте ин масъала ба падару модарон ва довталабон дуруст фаҳмонида шавад, мушкил ҳал мешавад”.

Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷиддин Асомуддинзода дар нишасти хабарии моҳи январ гуфта буд, дар соли таҳсили 2016-2017 ба ҷойи 308 нафар 197 касро қабул кардаанд (111 ҷой холӣ), ки аз он 102 нафар ба таври шартномавӣ ва боқимонда ройгон таҳсил доранд.

Масъулини Донишкадаи исломӣ мегӯянд, давоми ду соли ахир теъдоди донишҷӯёни ин муассиса 30 дарсад коҳиш ёфта ва ба дунбол бархе аз кормандони донишкада ихтисор шудаанд.

Вернуться назад