Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос, Видео > (ВИДЕО) Пешниҳоди “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон

(ВИДЕО) Пешниҳоди “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон


1 август 2017, 16:17. Разместил: MG
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 1-уми август дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ кард, ки хостори боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон шудаанд.

Исмоилзода гуфт, “Барқи тоҷик” барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ дорад: “Лекин зиёд намудани нархи нерӯи барқ аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои дигар бо қарори ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҳозир ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Агар бо қарори ҳукумат нарх зиёд шавад, мо ҳамчун иҷрокунанда ин қарори ҳукуматро амалӣ мекунем”.

Аммо раиси “Барқи тоҷик” аз ироаи маълумоти мушаххас, ки чӣ қадар мехоҳанд нархи барқро боло баранд, худдорӣ намуд. Манобеи "Озодагон" мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 15 дарсад бештар кардани арзиши хизматрасонии барқ пешниҳод шудааст, аммо он ниҳоӣ нест ва тасмими охирро дар ин бора ҳукумат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта нархи барқ дар кишвар ҳудуди 16 фоиз боло бурда шуд ва нархи миёнаи фурӯши барқ имсол нисбати соли гузашта ҳудуди 3 дирам қиматтар мебошад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳоди “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқро тасдиқ карда, афзуд, ки феълан хулосаи ин ниҳод ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст. Масъулини зиддиинҳисорӣ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди болобарии нархи барқ худдорӣ намуданд.

Вернуться назад