Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Дидгоҳи хос, Видео, Тема дня > Суолу ҷавоб бо роҳбарони Хадамоти алоқа: Аз ғайби Б.Сабур то қатъи кори “DHL” ва интернети суст (ВИДЕО)

Суолу ҷавоб бо роҳбарони Хадамоти алоқа: Аз ғайби Б.Сабур то қатъи кори “DHL” ва интернети суст (ВИДЕО)


2 август 2017, 10:08. Разместил: hd
Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва масъулини дигари ин ниҳод имрӯз, 2-юми август ба суоли хабарнигорон дар бораи бурду бохти соҳа посух гуфтанд.

“Озодагон” суолуҷавобро мухтасаран пешниҳоди хонандагон мекунад.

Суол: Чаро Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа дар нишастҳо иштирок намекунад?

Атоев: Сардори Хадамоти алоқа тибқи талаботи маъмурӣ рӯзҳои қабул дорад. Агар хоҳед бо ӯ мулоқот кунед, муроҷиат кунед, мо ташкил мекунем. Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор доранд.

Суол: Чаро фаъолияти “DHL” 2 моҳ боз қатъ шуд ва оё фаъолияти он аз сар гирифта мешавад?

Ҷонибек Дадоматов, сардори раёсати танзими алоқа: Дар Тоҷикистон бо қабули қонун тартиби додани иҷозатнома барои хизматрасонӣ дар соҳаи почта амалӣ шуд. Баъди қабули қонун “Почтаи тоҷик” 20 рӯз пас барои иҷозатнома муроҷиат кард. Ду ширкати дигар, ки якеаш “DHL” мебошад, баъди 112 ва 163 рӯз пас аз қабули қонун муроҷиат карданд. Ҳуҷҷатҳояшон комил набуд, маблағҳо ба буҷа пардохт нашуда буданд. Мо бо мактуби расмӣ посух додем, ки ҳуҷҷатҳо намерасанд. Ду-се ширкати дигар умуман муроҷиат накарданд. Ягон монеа вуҷуд надорад. Агар муроҷиат кунанд, ҳуҷҷатҳо пурра пешниҳод кунанд, комиссияи иҷозатномадиҳӣ онро баррасӣ мекунад.

Суол: Шарҳи шумо дар бораи натиҷаи фаъолияти Маркази ягонаи коммуникатсионӣ, ки гуфта мешавад, пастшавии суръати интернет таъсири он мебошад?

Дадоматов: Ҳадафи Марказ назорат ва танзими трафикҳои алоқа ва интернет мебошад. Таъсиси марказ ба баландшавии нарх ва суръати интернент ягон алоқамандӣ надорад.



Суол: Гуфтед, ки Хадамоти алоқа дар доираи анҷумани байналмилалӣ дар Душанбе бо Гугл ва Фейсбук барои ҳамкорӣ созиш кардааст. Метавонед ҷузъиёташро шарҳ диҳед?

Атоев: Барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги ташкилкунандаи интернет созиш кардем. Маълум аст, ки имрӯз интернетро бо мақсадҳои ғайр истифода мекунанд. Мақсади мо баланд бардоштани сифати хизматрасонии интернет мебошад. Ин ширкатҳои бузург сиёсати бехатарии худро доранд ва ҳамкории мо ба амалишавии сиёсати бехатарии ин ширкатҳо равона шудааст. Созиш шуд ва умед дорем, ки ҳамкориҳо нимсолаи дуюми соли ҷорӣ амалӣ мешаванд.

Вернуться назад