Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҷилавгирӣ аз қочоқи беш аз 550 телефони "Samsung Galaxy"
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Ҷилавгирӣ аз қочоқи беш аз 550 телефони "Samsung Galaxy"

Ҷилавгирӣ аз қочоқи беш аз 550 телефони "Samsung Galaxy"


9 август 2017, 12:18. Разместил: MG
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар роҳи мошингарди “Конибодом- Хуҷанд” аз дохили як сабукрави “Опел – Зафира” 553 телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy” ёфт шудааст: “Моли мазкур ба шаҳрванд Р.Ф. соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудааст”.

Ба иттилои манбаъ, Р.Ф. ин миқдор телефонро аз минтақаи наздисарҳадии деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз Қанибек ном шахс харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

“Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии телефонҳои мобилӣ 935 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р.Ф. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти прокуратураи вилояти Суғд қарор дорад”,-хабар медиҳад дафтари матбуоти Хадамоти гумрук.

Вернуться назад