Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Акс, Тема дня > Баъди дастури Р.Эмомалӣ: Милиса бо гадоён суҳбат кард (АКС)

Баъди дастури Р.Эмомалӣ: Милиса бо гадоён суҳбат кард (АКС)


10 август 2017, 09:22. Разместил: hd
Мақомоти милиса дар пайи дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои кам кардани теъдоди гадоён дар пойтахт, бо афроде, ки ба талабандагӣ машғуланд, суҳбатҳо гузарондаанд.

Тибқи санҷиши ВКД муайян шудааст, ки бисёре аз ноболиғон ва афроди маъюб на танҳо аз Душанбе, балки аз навоҳии атроф ва вилоятҳои дигар дар пойтахт ба талабандагӣ машғуланд. ВКД бо нашри як баёния изҳор доштааст, ки новобаста аз шароити хуб дар хонаҳои бепарасторони Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам вақте аз кӯчаҳои пойтахт дидан менамоем, ба назар мерасад, ки бархе маъюбон ва нафарони бесаробон ба талбандагӣ машғул гардида, маданияти шаҳрдориро бо чунин амалҳои номатлуб коста мегардонанд: “Зимни доир намудани чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо бархе аз шаҳрвандоне, ки бо талбандагӣ машғул буданд, сӯҳбатҳои инфиродӣ доир карда шуд. Аз ҷумла, шаҳрванд Саидов Зафар Бобохонович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, маъюби гурӯҳи якум, ки новобаста аз гармии ҳаво дар кӯчаҳои пойтахт ба талбандагӣ машғул буд, чунин аъмоли ӯ кормандони милитсияро дар канор нагузошта, бо ӯ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд”.

Ба иттилои маъмурини милиса нафари дигаре, ки ба талбандагӣ машғул буд, худро Нигор, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор муаррифӣ намуда, ба қавли ӯ ҳашт сол инҷониб ба талбандагӣ машғул мебошад: “Номбурда соҳиби 8 фарзанд буда, дар ин муддат ягон нафаре аз фарзандон аз аҳволи ӯ хабар нагирифтаанд.

Ҳамчунин Турдиева Барно маъюби гурӯҳи якум, сокини шаҳри Душанбе ва Одинаев Холмаҳмад сокини шаҳри Ҳисор низ ба талбандагӣ машғул буданд”.

Манбаъ илова намуд, ки маъмурини милиса ба шахсони ниёзманд ва маъюб, маслиҳат додаанд, аз шароите, ки барои онҳо дар кишвар фароҳам шудааст, истифода намоянд: “Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҷиҳати бартараф сохтани мушкилоти нафарони маъюбу ниёзманд ва пешгирии талбандагӣ дар ҳудуди пойтахт, тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуданд”.

Ин дар ҳолест ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе охири моҳи июл дар ҷаласаи вакилони пойтахт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маорифро вазифадор кард, ки барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талабандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо чораҷӯи намуда, то охири сол ба Раиси шаҳр ахбор манзур намояд.


Баъди дастури Р.Эмомалӣ: Милиса бо гадоён суҳбат кард (АКС)

Баъди дастури Р.Эмомалӣ: Милиса бо гадоён суҳбат кард (АКС)

Вернуться назад