Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ганҷалзода: Шикояти кормандони “Тоҷик Эйр”-ро баррасӣ дорем
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Ганҷалзода: Шикояти кормандони “Тоҷик Эйр”-ро баррасӣ дорем

Ганҷалзода: Шикояти кормандони “Тоҷик Эйр”-ро баррасӣ дорем


15 август 2017, 11:03. Разместил: hd
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, шикояти гурӯҳе аз кормандони ширкати “Тоҷик Эйр”-ро дар мавриди пойин бурдани маошашон аз ҷониби роҳбарият дастрас намудаанд ва он феълан дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ганҷалзода дар ҳошияи як ҳамоиш ба “Озодагон” гуфт, муҳтавои шикояти кормандони “Тоҷик Эйр” дар баробари маош, асосан дар мавриди ихтисори кормандон мебошад: “Ҳоло ин масъала ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст”.

Ба иттилои Ганҷалзода то ҳол Вазорати нақлиёт маълум кардааст, ки тасмими ихтисори кормандон аз ҷониби роҳбарияти “Тоҷик Эйр” ҳамчун чораандешӣ дар ростои бӯҳрони молиявӣ роҳандозӣ шудааст: “Ин масъала ҳоло ҳам дар баррасӣ аст, мо маълум кардем, ки аз ҳама маоши зиёда ҳамин кормандон мегирифтаанд. Дар масъалаи ихтисор онҳо шикоят доранд, ки чаро ихтисор аз мо шурӯъ шуд? Феълан баррасии масъала идома дорад”.

Қаблан шуморе аз кормандони ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр»бо ирсоли як номаи боз ба унвони Президенти Тоҷикистон ва Додситонии куллу Оҷонсии зидди фасод ва Вазорати нақлиёт аз ғайриқонунӣ пойин бурдани маошашон аз ҷониби роҳбарияти ширкат шикоят карда буданд. Дар ин нома, ки зери он 73 корманди меҳмондори ҳавопаймо (бортпроводник)-и ин ширкат имзо гузоштаанд, навиштаанд, “маҷбуранд барои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои корияшон, ки аз ҷониби директори генералии ширкат Хайрулло Раҳимов нақз шудаанд, ба раисиҷумҳур муроҷиат намоянд”.

Ин шикояти кормандон бар пайи як фармоиши роҳбари ширкат таҳти №6-15 аз 21.04.2017 “Оид ба тағйир додани шартҳои музди меҳнат” навишта шудааст. Ба иддаои имзогузорони номаи боз, фармоиши мазкур кам кардани маоши онҳоро пешбинӣ менамояд. Ба қавли муроҷиаткунандагон роҳбарияти ширкат дар фармоиш, далели поин бурдани музди меҳнати кормандонро ба хотири “нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва пешгирии оммавии ихтисори шумора ё воҳидҳои кории кормандон” дониста, таъкид карда, ки “бинобар душвориҳои дорои хусусиятҳои молиявӣ, ки нигоҳ доштани музди меҳнати пешинаро имконият намедиҳад”, даст ба ин иқдом задааст.

Дар фармоиши роҳбарияти ширкат зикр шуда, ки поин бурдани музди меҳнати тамоми кормандон дар назар аст.

Аммо муаллифони нома зикр кардаанд, ки фармоиш пеш аз ҳама ба кормандоне дахл дорад, ки дар қисми меҳмондории ҳавопаймо кор мекунанд. Муаллифони мактуб навиштаанд, ки дар мулоқоте, ки бар пайи ин иқдом роҳбари ширкат Хайрулло Раҳимов бо онҳо доштааст, зикр намуда, ки мо мехоҳем музди меҳнати шуморо бо ҳамтоёни шумо, ки дар дигар ширкатҳои ҳавонавардӣ кор мекунанд, баробар кунем.

Раҳимов гуфтааст, ки “мо дар як кишвар зиндагӣ мекунем ва набояд музди меҳнати кормандоне, ки ҳамин навъи хидматрасониро анҷом медиҳанд, аз дигарон фарқ кунад”.

Вернуться назад