Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Сарватмандтарин одами сайёра беш аз $4,5 миллиард хайр кард
Главная > Хабарҳои ҷаҳон, Иқтисодӣ, Тема дня > Сарватмандтарин одами сайёра беш аз $4,5 миллиард хайр кард

Сарватмандтарин одами сайёра беш аз $4,5 миллиард хайр кард


15 август 2017, 11:07. Разместил: MG
Билл Гейтс, бунёдгузори Microsoft ва доротарин одами сайёра 4,6 миллиард доллари ширкати худро бо нияти эҳсонкорӣ ихтисос додааст.

Ба иттилои Bloomberg, миллиардер ин маболиғро 6 июн ҷудо кардааст, аммо маълум нест, он ба кадом фонд мунтақил шудааст. Дар гузашта Гейтс як бахши аъзами маблағҳои худро ба хазинаи хайрияи Bill & Melinda Gates Foundation, ки ба худи ӯ мутаалиқ аст, мегузаронд.

Аз соли 2000 ба ин сӯ ин бузургтарин эҳсонкории Билл Гейтс маҳсуб меёбад. 7 сол қабл бунёдгузори он замон 61-солаи Microsoft 16 миллиард доллари худро хайр карда буд. Шурӯъ аз соли 1994 Гейтс бо ҳадафи эҳсонкорӣ ҳудуди 35 миллиард доллар ихтисос додааст.

Bloomberg Billionaires меафзояд, баъди ин эҳсонкорӣ ҳам Гейтс сарватмандтарин одами сайёра боқӣ хоҳад монд. Дороии ӯ 86,1 миллиард доллар гуфта мешавад.

Вернуться назад